Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САНГРЕЗА

САНГРЕЗА

САНГРЕЗА,1) ҷинспораҳои қиррадори андозаашон то 100 миллиметр, ки дар натиҷаи фарсоиши ҷинсҳои кӯҳӣ пайдо шуда, дар шакли тарокуми ковок ё суст сементшуда вомехӯранд.

48238002_w640_h640_scheben-granitnyj-seryj

2) Ҷинсҳои кӯҳӣ ва сангҳои сунъӣ (масалан, шлакҳои металлургӣ, хишт) -и порашуда (баъзан маҳсули фарсоиш), ки шаклашон аз порчаҳои дағар-буғур иборат буда, андозаи онҳо 5—150 миллиметр аст. Сангрезаҳоро вобаста ба хусусиятҳояшон барои тайёр кардани бетон, сохтмони роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард, иншоотҳои гидротехникӣ ва ғайра истифода мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …