Маълумоти охирин

САНДУҚ

САНДУҚ, 1) асбоби рӯзгор, қуттии калоне, ки дар он анҷоми рӯзгор, асбоби зинат ва дигар чизҳои нодирро нигоҳ медоранд. Дар ибтидо онро аз пӯсти ҳайвонот тайёр мекарданд. Баъдтар Сандуқро аз чӯб, филизот месохтанд. Тахтаҳои пеш, қафо ва зери Сандуқро ба ҳам васл намуда, мехкӯб мекунанд. Тахтаҳоро суфтаву ҳамвор намуда, баъд қисми пеши Сандуқ барои гулпартоӣ ё оро додан тайёр карда мешавад. Аз рӯи тахта тунука кашида, онро ба таври дилхоҳ оро медиҳанд.

sanduk

Тунукаро бо мех зарб зада дар рӯи он нақши гул ё ягон нақши дигар мепартоянд, ба рӯяш ранг мемоланд. Баъзан тунукаро аввил нигор баста баъд ба сандук бо мех мустаҳкам мекунанд. Тунукаро зарб назада танҳо тавассути рангҳои гуногун ба таври дил- хоҳ низ нигор мебанданд. Қисми болоии сарпӯши Сандуқ камоншакл буда, бо часпак ба қуттии он пайваста мешавад. Барои бардоштани Сандуқ аз ду паҳлӯяш ҳалқа мешинонанд. Бо мақсади аз замин болотар истодани Сандуқ дар чор кунҷи он поя мегузоранд. Дар Сандуқҳои чӯбӣ ғалла низ нигоҳ медоранд, ки он ҳаҷман калонтар бу- да, одатан оро намедиҳанд.
Пештар дар бозорҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар бозорҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Ӯротеппа ва ғайра растаҳои махсуси сандуқфурӯшӣ буданд. Шашгӯшак, ҳаштгӯшак, қӯчқорақ, найзадор, бодомча барин намудҳои Сандуқ намунаи барҷастаи санъати амалӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳоло дар Тоҷикистон ва дигар республикаҳои Осиёи Миёна корхонаҳои махсуси сандуқсозӣ мавҷуданд. 2) Каҷовае, ки дар гузашта ҷанговарон бар пушти фил баста, ба дарунаш нишаста тирандозӣ мекарданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …