Маълумоти охирин
Главная / Биология / САНАВБАРИҲО

САНАВБАРИҲО

САНАВБАРИҲО , оилаи растаниҳои лучтухми сӯзанбарг. Санавбариҳо дарахт ва баъзан буттаҳои ҳамешасабз ё хазонрезанд. 11 ҷинс ва қариб 250 намудро дар бар мегиранд. Ҳамаи онҳо дар минтақаи мӯътадили Нимкураи ши-молӣ мерӯянд. Санавбариҳо аз 1—2 метр то 60— 100 метр қад мекашанд, ғафсии танаашон то 1,5—2 метр мерасад.

sanavbar

Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР қариб 500 миллион гектарро бешаи Санавбариҳо фаро гирифтааст (72,6%-и тамоми бешазор). Чӯби аксари Санавбариҳо хушсифат аст. Дар сабзкории шаҳру деҳот аҳами-яти калон доранд. Аз сӯзанбарги Санабариҳо витамини С истеҳсол мекунанд. Як қатор Санавбарищо (сидра, санавбар, коҷ ва ғайра) шаҳру деҳоти республикаро ороиш медиҳанд.
Адабиёт: Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Душанбе, 1963; Жизнь растений, том 4, Москва, 1978. М. Исмоилов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …