Маълумоти охирин
Главная / Биология / САНАВБАР

САНАВБАР

САНАВБАР (Ртиз), ҷинси буттаву дарахтони сӯзанбарги ҳамошасабзест аз оилаи санавбариҳо. Аз 1,5 то 50 (баъзан 75) метр қад мекашад. Дарозии сӯзанбарги онҳо аз 2 сантиметр то 30-35 сантиметр мешавад. Дарозии ҷалғӯзааш аз 2,5 – 7 сантиметр  40—45 см (Р. 1атЬ.ег1|‘апа, ки дар Америкаи Шимолӣ мерӯяд), бараш 2—8 сантиметр. Тухмаш чормағзшакли одатан қанотакдор, соли дуюм мепазад. Санавбар дарахти рӯшноипарвар аст. 300—400 сол умр мебинад. Санавбар қариб 100 намуд аст ва дар минтақаи бешазори Евросиё ва Америкаи Шимолӣ, каме дар кӯҳсори тропикии Нимкураи шимолӣ мерӯяд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 12 намуди Санавбар месабзад.

sanavbar

Санавбар дар хоҷагии халқ аҳамияти калон дорад. Аз он чӯби хушсифат, қатроп, скипидар, равгани эфир, канифол ва ғайра мегиранд. Аз сӯзанбарги Санавбар витамини С. ҳосил мекунанд. Санавбарро бо мақсади пешгирии реги равону обшӯи хок ва мустаҳкам кардани нишебиҳо низ истифода мебаранд. 20%-и тамоми ҷангали Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз санавбарзор (зиёда аз 151 миллион гектар) — асосан иборат аст. Санавбари худрӯй дар Тоҷикистон нест. Аммо намудҳои гуногуни онро ба шароитп маҳал мутобиқ кардаанд. Дар Боғи ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон зиёда аз 60 намуди Санавбарро мепар-варанд. Чанд намуди он шаҳру деҳоти республикаро ороиш медиҳанд.
Адабиёт: Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Душанбе, 1965; С л а в к ин а Т. И., Голосеменные, дар китоби; Денд-рофлора Узбекистана, том 2, Ташкент, 1968.
М. Исмоилов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …