Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / САН-ТОМЕ ВА ПРИНСИПИ

САН-ТОМЕ ВА ПРИНСИПИ

САН-ТОМЕ ВА ПРИНСИПИ, Республикаи Демократии Са н-Томе ва Принсипи, давлат дар ҷазираҳои Сан-Томе ва Принсипи дар халиҷи Гвинея, дар соҳилҳои ғарбии Африка. Масоҳаташ 964 километр2. Аҳолиаш 97 ҳазор нафар (1981). Пойтахташ шаҳри Сан-Томе.
Сохти давлатӣ. Сан-Томе ва Принсипи— республика, июли 1975 Маҷлиси миллӣ интихоб карда шуд. Сардори давлат ва ҳукумат — президент. Органи қонунбарор — Маҷлиси миллии якпалатагӣ.

san-tome
Табиат. Ҷаз-ҳоп Сан-Томе ва Принсипи асосан базалтнӣ буда, дар он осори вулқонҳои қадима боқӣ мондаанд. Дар танӯраҳои вулқонҳо кӯлҳои хурд воқеанд. Иқлими ҷазираи Принсипи экваторӣ, доимо сернам, иқлими ҷазираи Сан-Томе ҳам экваторию ҳам тропи- кӣ аст: аз октябр то июн серборон ва аз июн то октябр хушк. Ҳарорати миёнаи моҳона аз 23 то 27°Селсия. Боришоти солона аз 1000 то 2000—3000 миллиметр. Набототи табиӣ— Ҷангали ғулии сернами экваторӣ. Дар резишгоҳи дарёҳо чакалакзорҳои мангро мерӯянд.
Аҳолӣ. Аҳолии мамлакатро асосан авлоду аҷдоди африкоиҳое, ки асрҳои 15—16 аз Ангола, Мозамбик, аз ҷазираҳои Димоғаи Сабз барои кор кардан дар плантасияҳоя европоиён (асосан португалиҳо) оварда буданд, ташкил медиҳанд. Тақрибан 10%-и аҳолӣ дар щаҳрҳо истиқомат мекунад. Забони расмӣ — португалӣ. Аксарияти диндорон католиканд.
Маълумоти таърихӣ. Ҷазираҳоро португалиҳо асри 15 кашф намуда, ба мулки хӯд табдил доданд. Асрҳои 16— 17 ҷазираи Сан-Томе ноҳияи муҳими ғуломфурӯшӣ буд. Ҳукуматдорони Португалия ҳар сол аз Ангола ва Мозамбик ҳазорҳо коргарони кироя меоварданд. Муборизаи халқҳои Сан-Томе ва Принсипи бар зидди мустамликадорони Португалия ҳанӯз дар ибтидои асри 16 сар шуда буд: шӯриши соли 1517 дар Сан-Томе, шӯриши охири асри 16 дар ҷазираҳо ва ғайра. Шӯриши соли 1953 яке аз калонтарин шӯришҳои мамлакат ба ҳисоб меравад. Ба Ҳаракати озодихоҳии халқ Комитети озодкунии Сан-Томе ва Принсипи, ки соли 1960 ташкил шуда буд, роҳбарӣ мекард ва он соли 1972 ба Ҳаракати озодихоҳии ҷазираҳои Сан-Томе ва Принсипи табдил дода шуд. Ноябри 1974 байни вакилони Ҳаракат ва намояндагони ҳукумати Португалия, ки баъди табаддулоти револютсионии соли 1974 ба сари ҳокимият омада буд, дар бораи ба Сан-Томе ва Принсипи додани истиқлолият шартнома ба имзо расид. Декабри 1974 бо иштироки намояндагони Ҳаракати озодихоҳӣ ва Португалия ҳукумати муваққатӣ ташкил ёфт. 12 июли 1975 Маҷлиси миллӣ Сан-Томе ва Принсипиро Республикаи Демокра- тии соҳибистиқлол эълон кард. Августи 1975 банни Сан-Томе ва Принсипи ва Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических СССР муносибатҳои дипломатӣ муқаррар карда шуданд.
Партияҳои сиёсӣ. Ҳа р а к а т баҳри озодии Сан-Томе ва Принсипи Са н-Т о м е в а Принсипи (ҲОСТП), ягона ташкилоти сиёсии роҳбарикунандаи мамлакат. Таъсисаш 1960. Раисаш М. Линту да Кошта.
Иқтисодиёт. Асоси иқтисодиёти мамлакат хоҷагии қишлоқ мебошад. Тақрибан дар 1/3 ҳиссаи территорияи зироат кошта ме- шавад. Дар ҷазираҳо (барои экспорт) какав, қаҳва, нахли (равғандеҳу норҷил, банан, дарахти хина парвариш мекунанд. Арзан, маннок, ҷуворимакка, ямс низ кишт мешавад. Пас аз мустақил шудани Сан-Томе ва Принсипи соҳибони пештараи плантасияҳо ба иқтисодиёти он зарари калон расонданд, бисёр киштзорҳои какао нобуд шудаанд. .Соли 1981 Сан-Томе ва Принсипи ин қадар чорво дошт (ба ҳисоби ҳазор сар): гов —3, гӯсфанд —2, буз —4. Дар ҷазираи Сан-Томе роҳи оҳани камбар ҳаст. Тӯли роҳҳои автомобилгард 287 километр (1980). Моҳигирӣ нисбатан равнақ дорад; сангпушти обӣ, ҳаштпо сайд мекунанд. Корхонаҳои саноатиаш асосан бо коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ машғул аст. Мамлакат ба хориҷа ашёи хоми хоҷагии қишлоқ бароварда, аз хориҷа молҳои саноатӣ, маҳсулоти нефт, семент мехарад. Шарикони асосии савдояш: Португалия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Республикаи Федеративии Германия, Нидерланд. Воҳиди пул — добра.
Нигаҳдории тандурустӣ. Дар соли 1970 ба 1 ҳазор аҳоли 53,7 таваллуд, 15,1 фавт; ба 1 ҳазор кӯдаки навзод 35,1 фавт рост омад. Касалиҳои сироятӣ ва паразитарӣ бештар паҳн шудаанд. Соли 1968 зиёда аз 7 ҳазор хуруҷи вараҷа қайд карда шуд. Соли 1969 дар мамлакат 18 духтур (1 духтур ба 3,3 ҳазор аҳолӣ),.аз он ҷумла 13 духтур дар хизмати давлатӣ ва қариб 100 корманди миёнаи тиббӣ мавҷуд буд. Соли 1965-1950 касалхонаи дорои 1,9 ҳазор кат (30 кат ба 1 ҳазор аҳолӣ), аз он ҷумла дар 14 касадхонаи давлатӣ 427 кат буд. Институти тиббӣ надорад; ҳамшираҳои тиббиро мактаби тиббӣ тайёр мекунад.
Маориф. Зиёда аз 85%-и аҳолӣ бесавод. Таълими кӯдакони 6—12-сола ҳатмист. Дар соли 1960 ҳамагй 25% кӯдакон ба мактаб мерафтанд. Аз нисф зиёди мактабҳо хусусӣ ва ё ба миссияҳои католикӣ тааллуқ доранд. Мактаби ибтидоии 4-сола, мактаби миёнаи 5-сола (3 + 2) дорад. Таълим ба забони португалӣ. Соли таҳсили 1971/1972 дар 44 мактаби ибтидоӣ бештар аз 9000 дар 2 мактаби миёна бештар аз 1460 хонанда мехонд. Касбомӯзӣ дар базаи мактаби миёна ва миёнаи нопурра ба амал бароварда мешавад. Соли таҳсили 1971/1972 дар 4 мактаби касбомӯзӣ 112 хонанда таҳсил кард. Дар базаи мактаби миёнаи нопурра омӯзишгоҳи педагогӣ амал мекунад, ки он барои мактабҳои ибтидоӣ муаллим тайёр мекунад.
Матбуот, радио. Соли 1974дар мамлакат газетаҳои ҳарҳафтаинаи «Болетин офисял» («Во1е1ш оЛс1и1»), аз соли 1836 инҷониб, «Вош ди Сан-Томе» («А Ург §ао Тотё») нашр мешуданд. Радиошунавонӣ аз соли 1958 вуҷуд дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …