Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «САМАРИЯ»

«САМАРИЯ»

«САМАРИЯ» -асари таърихии Абӯтоҳирхоҷаи Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1874, Кармина). «Самария» дар солҳои 60 асри 19 таълиф гардида, аз муқаддима, 11 боб ва хотима иборат аст. Асар ба таърихи Самарқанд бахшида шуда, аз пайдоиши шаҳр, иқлиму мавқеи географӣ, ҳокимону уламо ва зиёратгоҳҳои он маълумот медиҳад. Шарқшиноси рус В. Л. Вяткин соли 1899 «Самария»-ро ба русӣ тарҷума карда, дар Самарқанд нашр кард. Соли 1904 шарқшинос Н. И. Веселовский матни тоҷикии онро дар Петербург ба чоп тайёр намуд. Соли 1921 Абдумӯъмини Сатторӣ ин асарро ба забони ӯзбекӣ гардонд, ки як қисми он дар журнали «Инқилоб» чоп шуд.
Соли 1952 Саид Нафисӣ ва Эраҷ Афшар матни нави «Самария»-ро ба нашр ҳозир кардаанд. Дастхати «Самараи» дар институтҳои шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон ва РСС Ӯзбекистон маҳфуз аст.
А. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …