Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САМАРИН Александр Михайлович

САМАРИН Александр Михайлович

САМАРИН Александр Михайлович (14. 8, 1902, деҳаи Сакони, ҳозира райони Ардатови вилояти Горкий—20. 5. 1970, Москва) металлурги советӣ, акад. АФ СССР (1966; аъзо-корр. 1946). Аъзои КПСС аз соли 1925. Солҳои 1925—1929 аъзои Бюрои марказии Ҷамъияти донишҷӯёяи пролетарӣ, аъзои президиум ва котиби масъули ҳамин бюро буд. Баъд аз хатми факултети металлургии Академияи кӯҳкории Москва (1930) дар Институти пӯлоди Москва, ки дар замигаи ҳамин факултет дар ҳамон сол таъсис ёфта буд, дарс мегӯяд (профессори ҳамин институт аз соли 1938). Солҳои 1946—1951 ҷонишини вазири маълумоти олии СССР. Аз соли 1955 дар Институти металлургияи ба номи А. А. Байкови АФ СССР кор кардааст (солҳои 1960—1961 ва 1967—1970 директори
он). Солҳои 1961—1966 ҷонишини раиси Комитет давлатии Советӣ Вазирони СССР оид ба координатсияи корҳои тадқиқоти илмӣ. Дар соҳаҳои электрометаллургияи пӯлод ва феррохӯла, асосҳот физикию химиявии иросесс- ҳои металлургӣ, десулфуронии пӯлод ва аз он ҷудо карда гирифтани оксигени ҳалшуда, проблемаҳои металлургияи вакуумӣ ва ғайра тадқиқоти муҳими илмӣ анҷом додааст. Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени дигар, инчунин медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …