Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛИМИ НИШОПУРӢ Котиб

САЛИМИ НИШОПУРӢ Котиб

САЛИМИ НИШОПУРӢ Котиб (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1582, Машҳад), хаттоти асри 16 форс- тоҷик. Аслан ҳабашӣ ва падараш аз ғуломони Мир Ҷамолуддини Астарободӣ будааст. Шогирди Шоҳ Маҳмуди Нишопурӣ. Салими Нишопурӣ дар хати настаълиқ маҳорат пайдо карда, дар қитъанависи, китобату ранганависӣ шӯҳрат ёфт. Қозӣ Аҳмад ва Сипеҳр ӯро дар китобату ранганависӣ пайрави Султонмуҳаммади Нур донистаанд. То поёни умр дар Машҳад зистааст. Мавлоно Шоҳмуҳаммади Котиб шогирди Салими Нишопурӣ будааст. Ба хати Салими Нишопурӣ як нусха «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ (1554, дар Музейи осори исломӣ ва турк, Истамбул), чанд қитъа дар мураққаъҳои мухталиф (дар китобхонаи Хазинаи авқоф, Истамбул), як нусхаи «Чиҳил ҳадис» ва тарҷумаи форсии он (китобати ранга, 1555 дар маҷмӯаи Нигоранда, Теҳрон) мавҷуд аст. Шеър низ мегуфтааст. Дар “Гулистони ҳунар”-и Қозӣ Аҳмад намунаи ашъораш оварда шудааст.
Ад.: Казн Ахмед, Трактат о каллиграфах и художниках. Под пел. проф. Б. Н. Заходера, М.—Л., 1947.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …