Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САКСОНҲО

САКСОНҲО

САКСОНҲО, сулолаи шоҳони Германия (919—1024) ва императорони “Империяи Муқаддаси Рим” (аз соли 962). Асосгузораш Генрихи I (солҳон ҳукмрониаш 919—936); ворисони ӯ: Оттони I (936—973, аз соли 962 император), Оттони II (973—983), Оттони III (983—1002). Баъди вафоташ яке аз намояндагони авлоди ӯ гертсоги Бавария Генрих шоҳ шуд (шоҳ Генрихи II, 1002—24). Ҷои сулолаи Саксонҳоро сулолаи Франконҳо ишғол намуд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …