Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙФИИ ҚАЗВИНӢ

САЙФИИ ҚАЗВИНӢ

САЙФИИ ҚАЗВИНӢ – Мир Яҳё Абдулатиф Ҳусайнӣ (Ҳасанӣ) (янтвар 1481, Қазвин —14. 6. 1555, Исфаҳон), «шоир ва муаррихи форс-тоҷик. Илмҳои расмии даврро дар зодгоҳаш омӯхта, ба камол расидааст. Ӯро сарвари сунниҳои Қазвин эълог карда, гунаҳкор донистанд ва ба фармони шоҳ Таҳмоспи сафавӣ маҳбус гардид. Дар зиндони Исфаҳон вафот кард.
Аз Сайфии Қазнавӣ абёти парокандаи ғазалиёт ва асари таърихии «Лубб-ут- таворих» (соли алҷоми таълифаш 1542) боқӣ мондааст. Ин асар аз чор қисми калон, ки ба фаслҳо, мақолаҳо, бобҳо тақсим шудаанд, иборат буда, таърихи Муҳаммад ва имомон, шоҳони тоисломии Эрон, халифаҳо, таърихи сулолаҳот темурӣ, шайбонӣ, сафавиро дар бар мегирад. Дар Бамбай (1884) ва Теҳрон (1936) нашр «шудааст.
Ад.: Стори Ч. А., Персидская литература. Био-библиографический обзор, ч. 1. М.„ 1972.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …