Маълумоти охирин

САҶЪ

САҶЪ (арабӣ—овози мурғи хушхон), санъати бадеист, ки мувофиқи талаботи он бояд ҷумлаву ибораҳо дар наср ё мисраю байти шеър ба порчаҳо тақсим шавад, ё дар охири порчаҳо калимаҳое оянд, ки онҳо ё дар қофия, ё дар вазн ва ё дар ҳарду мутобиқи ҳамдигар бошанд. Вобаста ба талаботи дуюм Саҷъро ба се навъ ҷудо кардаанд: 1) агар калимаҳо фақат ҳамқофия бошанд, Саҷъи мутарраф («Чун наздик омад, дид, ки яке дарранда гург бо саге бузург бар сурати дӯстони содиқ ва ёрони мувофиқ ҳамроҳ меоянд, на онро аз ин таваҳҳум қариб ва на инро аз он дағдаға осебе»; Саъдӣ, «Гушистон»); 2) агар танҳо ҳамвазн оянд, Саҷъи мутавозин («Вай шоире фасеҳ ва сухангузоре балиғ аст»; Ҷомӣ, «Баҳористон»); 3) агар калимаву ибораҳо бо ҳамдигар ҳам дар вазну ҳам дар қофия мувофиқат кунанд, Саҷъи мутавозӣ мегӯянд («Аъробиеро дидам, ки писарро ҳамегуфт: туро хоҳанд пурсид, ки амалат чист, нагӯяд падарат кист»; Саъдӣ, «Гулистон»). Саҷъ бо радиф ҳам меояд («Малик сару чашмаш бибӯсиду дар канораш гирифт ва ҳар рӯз назар беш кард, то валиаҳди хеш кард»; Саъдӣ, «Гулистон»). Насри Саҷъдорро насри мусаҷҷаъ (насри бо Саҷъи мутавозин навиштаро насри мураҷҷаз) мегӯянд. Саҷъро дар шеъри шоирони гузашта ва имрӯзаи тоҷик низ пайдо кардан мумкин аст. Шеърҳои Саҷъдор (назми мусаҷҷаъ) дар натиҷаи ба пораҳо тақсим кардани мисраъ, байт ва дар охири онҳо овардани калимаҳои мусаҷҷаъ (Дар ғазал, қасида, қитъа ва ғайра) ҳосил мешавад:

Дар рафтани ҷон аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан,

Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.

(Саъдӣ).

Аз навъҳои мусаммат Саҷъро дар мусаммати мураббаъ кор фармудаанд:

Ояд ба чашмам ҳар нафас олам аз ишқаш чун нафас,

Бе ӯ маро фарёдрас — инҳо хаёли ӯсту бас!

То чанд бошам чун  ҷарас, бе ӯ хурӯшон аз  ҳавас?!

Ҳаргиз мабод аҳволи кас дар ишқ чун аҳволи ман!

(Абулвосеи Ҷабалӣ).

Дар навъи дигари шеъри мусаҷҷаъ, ки онро таштир мегӯянд, ҳарду пораи як мисраъ ҳамқофияанд:

Он зулфу кокул ду даста сунбул,

В-он тӯши симин, як тӯда насрин.

(Айнӣ).

Навъи дигари шеъри мусаҷҷаъ  таҷзия ном дорад, ки дар он пораҳои 1 ва 3, 2 ва 4 бо ҳамдигар мусаҷҷаъ мешаванд:

Чу рафтӣ нигоро, надорам зи  ҳаҷр,

Ба тан ҳеҷ  ёр о, ба дил ҳеҷ  сабр.

(Атоуллоҳ).

Гоҳе пораҳои 1-уму 2-юм дорои Саҷъ мешаванду ҳиссаҳои 3 ва 4 озод меоянд, гоҳе пораҳои 1 ва 3 бо ҳамдигар мутобиқат мекунанду пораҳои 2 ва 4 не:

Ҳар кӣ дучор мешавад, ҷӯраву ёр мешавад,

Аз мани нотавон чаро ин ҳама ор  мекунад?

(Айнӣ).

Саҷъ суханро оҳангдор, баёнро мӯъҷаз ва пуртаъсир мекунад.

Адабиёт: Мусулмонқулов Р., Саҷъ ва сайри таърихии он дар насри тоҷик, Душанбе, 1970.

Р. Мусулмонқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …