Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИД ИХТИЁРУДДИНИ ҲАСАН

САИД ИХТИЁРУДДИНИ ҲАСАН

САИД ИХТИЁРУДДИНИ ҲАСАН (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 15). Аз Ҳирот. Ҷараёни таҳсилу эҷодиёт ва зиндагиаш чандон равшан нест, Ҳамзамони Ҷомӣ ва Восифӣ, аз акобири зомон буд ва бо шоирон ҳамнишинӣ дошт. Саид Ихтиëруддини Ҳасан дар гуфтани таъриху муаммо машҳури замони худ буд. Шоир ба муносибати ба итмом расидани сохтмони масҷидт ҷо¬меи Ҳирот ба забонҳои арабӣ ва форсӣ ду таърих гуфтааст. Мувофиқи маълумоти Восифӣ, таърихи форсии шоир дар пештоқи айвони масҷиди мизкур сабт шудааст:
Шукр, к-аз ҳиммати соҳибхайр,
Гашт ин савмаа холӣ зи халал.
Ёфт итмом ба хубӣ, оре,
Амали хайр бувад, хайри амал.
Соли таърих, маҳу рӯзаш буд,
Даҳуми шаҳри рабеъулаувал.
Ашъори ӯ миқдоран зиёд нест ва он ҳам пурра то замони мо нарасидааст.
M. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …