Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИД АҲМАДХОН

САИД АҲМАДХОН

САИД АҲМАДХОН (17. 9. 1817, Деҳлӣ—1898, Алигарх), адиби ҳинду, яке аз аввалин маорифпарварони пешқадами ҷамоаи мусулмонони Ҳиндустон. Таълими ибтидоиро дар назди модараш гирифта, забонҳои форсӣ ва арабиро аҳ ӯ омӯхт. Аз соли 1838 дар хидмати идораи адлияи Деҳлӣ буд. Саид Аҳмадхон сабаби асосии камбағалии мусулмонони Ҳнндустонро аз набудани илму адабиёти мутараққӣ медонист. Бинобар он кӯшиш дошт, ки мактабҳои нав кушода, таълиму тарбияро ба тарзи нав ҷорӣ намояд. Бо ин ният дар шаҳрҳои Муродобод ва Ғозипур мактабҳои нав кушод. Инчунин дар Ғозивур ҷамъияти тарҷумонҳо ташкил карда, тарҷумаи осори илмиву бадеии мамлакатҳои муттараққиро ба роҳ монд. Соли 1866 журнали ҳармоҳае таъсис намуда, дар он оид ба бисёр масъалаҳои маърифату маданияти халқ мақолаҳои адабию публитсистӣ ба табъ мерасонд. Солҳот 1869—1870 дар Англия буд. Пас аз сафари Англия дар Алигард коллеҷи мусулмонӣ бунёд кард (1875—1877). Баъди вафоти Саид Абдуллоҳ коллеҷ ба Университети мусулмонин Алигард табдил ёфт. Асари машҳури ӯ «Осор-ус-санодид» (1846—1854) барои омӯхтани ёдгориҳои таърихии Деҳлӣ ва ҳаёти маданиву адабии асрт 19 Ҳиндустон манбаи муҳим аст.
А. Ғаффоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …