Маълумоти охирин

РУСТО

РУСТО, рустоқ, деҳ, то истилои муғул воҳиди территориявӣ буд ва натанҳо як деҳа, балки якчанд деҳа ва ноҳияро ифода мекард. Давлатҳои пешазисломии Осиёи Миёна монанди Суғд, Тахористон, Истаравшан ва 0айра аз 2—3 то даҳҳо Русто доштанд. Ҳар як Русто якчанд деҳаро дар бар гирифта, аксарияти онҳо марказ ҳам доштанд, ки дар он ҳокими Русто бо дарбориён зиндагӣ мекард.

deha

Баъзе аз ҳокимони Рустоҳо ҳатто дастаи ҳарбӣ доштанд ва аз номи худ танга сикка мезаданд. Масалан, Панҷакенти қадим яке аз чордаҳ Рустоҳон давлати Суғд буд. Дар аҳди муғулҳо дар қисми зиёди маҳалҳои Осиёи Миёна ба ҷои Русто калимаи туман истифода мешуд. Дар асри 16 истилоҳи Русто нисбатан кам вомехӯрад. Дар Эрони ҳозира истилоҳи Русто ба маънои деҳа кор фармуда шуда, сокинони Русторо рустоиён меноманд.

Ад.: Петрушевский И. Щ К ис­тории сельского поселения и сельской общины в Иране XIII—XV вв. Ученые записки Института востоковедения, т. 16. М.—Л., 1958; Мукминова Р. Г., К истории аграрных отношений в Узбекис­тане XVI в. Вакнаме, Ташкент, 1966.

А. Ҷалилов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …