Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУССО Жан Жак

РУССО Жан Жак

zhan

РУССО (Rousseau) Жан Жак (28. 6. 1712, Женева —2. 7. 1778, Эрменон- вилояти наздикии Париж) файласуф, маорифпарвар, нависанда ва бастакори франсавӣ. Аввалин асарҳои фалсафию сиёсиаш Руссоро шӯҳратманд гардонданд. Асарҳои барҷастаи Руссо «Муҳокима дар бораи илм ва санъат» (1750), махсусан «Муҳокима дар бораи пайдоиши нобаробарӣ байни одамон» (1755), ки Ф. Эн¬гелс онро яке аз «намунаҳои олии диалектика» номидааст, танқиди тезу тунди нобаробарии иҷтимоию сиёсӣ ва сохти давлатдории капиталистӣ, ақидаҳои амиқи фалсафӣ ва идеалҳои баланди маорифпарвариро дар бар мегираид. Руссо моликияти хусусиро асоси нобаробарии иҷтимоии одамон ва ташаккули давлатҳои сиёсӣ медонад. Ба қавли Руссо, давлат ба зӯрӣ нигоҳ дошта мешавад ва онро низ ба воситаи зӯрӣ нест кардан мумкии аст. Дар «Доир ба шартномаи ҷамъиятӣ» ном рисолааш (1762) симои ҷамъияти идеалиро тасвир намудааст. Назарияи шартномаи ҷамъиятии Руссо радикалию демократӣ мебошад. Руссо баробарии сиёсӣ ва молу мулкиро шарти озодии одамон медонад. Руссо муаллифи як қатор шеъру достонҳое мебошад, ки масъалаҳои фалсафӣ, эстетикӣ ва сиёсиро дар бар мегиранд. Вай ба операҳо либретто ва мусиқӣ менавишт. Романи «Эмил ё дар бораи тарбия» (1762) мазмуни фалсафию педагогӣ дорад. Ақидаҳои педагогии Руссо ба муқобили системаҳои аҳкомпарасти ва схоластикии тарбияи феодалӣ равона шудаанд. Романи «Элоизаи Нав» (1761) дар ташаккули сентиментализми франсавии давраи револютсионии маорифпарвар мақоми баланд дорад, инчунин мухолифати ҷаҳонбинии фалсафӣ, эстетикӣ ва ахлоқии нависандаро инъикос менамояд. Руссо дар пешрафти адабиёт, фалсафа, таърих ва сиёсати ҷанҳонӣ таъсири калон расонида, ба ҷараёни руссоизм асос гузоштааст. Ин таълимот диққати маорифпарварон ва баъдтар диққати револютсионерҳои демократ русро ба худ ҷалб наму¬дааст.
Ад.: Изб. соч. т. 1—3, М., 1961; Ве¬рк м а н И. Е., Жан-Жак Руссо, М., 1958.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …