Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РУСИ КИЁВ

РУСИ КИЁВ

РУСИ КИЁВ, давлати давраи ибтидои феодализм (асри 9 ва сеяки аввали асри 12), ки славянҳои шарқӣ ва баъзе халқҳои ғайриславянро муттаҳид менамуд. Марказаш — Киев. Ҳудудаш аз даштҳои назди баҳри Сиёҳ то Двинаи Шимолӣ, аз Днестр ва Буғи Ғарбӣ то Волга ва поёноби Ока тӯл мекашид. Хоки Белоруссия (Полоск, Туров ва дигар князиҳо) ба Руси Киев асрҳои 9—10 дохил шуд. Асрҳои 6— 8 дар сарзамини славянҳои шарқӣ иттиҳодияҳои территориявӣ — сиёсӣ, иттифоқҳои қабилавӣ (полянҳо, славянҳои илмен, древлянҳо, северянҳо, полочанҳо, кривичҳо, дреговичҳо, вятичҳо, радимичҳо, волнянҳо, дулебҳо, бужонҳо, тивертсҳо, уличҳо, хорватҳои сафед) ба вуҷуд омаданд. Мувофиқи маълумотҳои солномаҳо дар асри 6 полянҳо, северянҳо, древлянҳо, дреговичҳо, полочанҳо, славянҳои илмени князии худро доштанд. Марказҳои князии полянҳо — Киев, князии славянҳои Илмен — Новгород, князии кривичҳои Полотск (полочанҳо) — Полотск буд. Бино ба маълумотҳои географҳои араб, пеш аз барпо шудани Руси Киев славянҳои шарқӣ якчанд маркази сиёсӣ: Рурявия (Сарзамини Киев), Славия (Шимолу Ғарби Рус), Артания (ҷояш маълум нест) доштанд. Дар баробари таназзули сохти ҷамъияти ибтидоӣ дар доираи иттифоқҳои қабилавӣ муносибатҳои синфии феодалӣ ташаккул ва инкишоф ёфтанд ва дар асрҳои 9—11 ҳукмрон гардиданд, Ғуломдорӣ дар байни слявянҳои шарқӣ патриархалӣ буд ва то ба сохти ғуломдорӣ инкишоф наёфт. Тахми¬нан дар асрҳои 9—10 қабилаҳои славянҳои шарқӣ халқияти ягонаи қадимаи русро ташаккул доданд, ки ба он робитаҳои иқтисодӣ, умумияти этникӣ, территориявӣ, маданӣ ва за¬бони хос буд. Сохти давлатии Руси Киев мутлақаи давраи ибтидои феодализм буд. Ҳокимияти марказӣ ба княз тааллуқ дошт; вай сиёсати берунии мамлакатро муайян менамуд, ба қувваҳои ҳарбӣ сардорӣ мекард ва ба воситаи ноибҳо ва дигар амалдорон корҳои хоҷагӣ, молия ва судиро идора мекард. Дар бисёр шаҳрҳои Руси Киев вече (маҷлиси халқӣ) вуҷуд дошт. Ба ҷои дружянаи шахсии княз аз ҳисоби дружинаҳои феодалҳо қӯшун, ташкил карда мешуд. Дар ҳалли масъалаҳои муҳим роли асосиро шӯрои княз мебозид, ки он аз боярҳо ва оқсаққолони дружинаҳо иборат буд. Асоси иқтисодии Руси Киев моликияти хусусии феодалӣ ба за¬мин буд, ки он боиси ба феодал тобеъ шудани деҳқонон, косибон ва тоҷирон мегардид. Шиддати зулми феодалон дар Руси Киев борҳо боиси бавуҷудоии шӯришҳои халқӣ шуд (дар сарзамини Суздал 1024 ва 1071, дар Киев 1068, 1113). Асоси хоҷагии Руси Киевро истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ташкил медод. Аз хоҷагии қишлоқ ҷудо шудани косибӣ боиси пайдоиши шаҳрҳо гардид. Шаҳрҳои қадимаи Руси Киев, Новгород, Смоленск, Ладога, Изборск, Ростов, Белозёрск буданд. Мувофиқи маълумотҳои солномаҳои қадима Киевро қаҳрамони афсонавӣ Кий бунёд кардааст. Дертар ба солномаҳо достони ба Киев даъват карда шудани князи варягҳо — Рюрик (862—879) дохил карда шуд. Баъд аз марги Рюрик ҳокими¬ят дар Новгород (879) ба дасти княз Олег гузашт, ки ӯ соли 882 Асколд ва Дирро кушта Киевро забт намуд. Дар асриҳои 9—11 Князҳои Киев ҳокимияти худро ба ҳамаи славянҳои шарқӣ ва баъзе халқҳои ғайриславянӣ финну уюрск (муром, мера, вес), балтика (голяд), туркҳо (торкҳо, берандейиҳо) паҳн карданд. Руси Киев дар аҳди Олег славянҳои илменӣ, кривичҳо, полянҳо, древлянҳо, северянҳо ва радимичҳоро муттаҳид менамуд. Вориси ӯ Игор (912—945) хоки Руси Киевро то баҳри Сиёҳ васеъ кард. Соли 945 древлянҳо аз вазнинии андоз шӯриш бардошта, Игорро куштанд. Писари Игору Олга Святослав Игоревич (964—972) дар натиҷаи юришҳо ба Ока ва Волга вятичҳоро ба худ тобеъ намуд, хазарҳо ва булғорҳои Дунайро мағлуб кард. Соли 970 Святослав Руси Киевро бай¬ни писаронаш тақсим намуд: замини Киевро ба Ярополк, замини Древлянро ба Олег, Новгородро ба Вла¬димир дод. Ярополк (972— тахминан 978) Олегро кушт (977), Владимир аз
тарс аз Новгород (977) гурехт ва Руси Киев аз нав муттаҳид гардид. Аммо соли 980 Владимир ҳамроҳи варягҳо баргашта, Новгород ва Полотскро ишғол карда, ба сӯи Киев ҳаракат на¬муд. Ярополк кушта шуд. Дар дав¬раи ҳукмронии Владимир Святосла¬вич (980—1015) ва писаря ӯ Ярослав Мудрий (1019—1054) Руси Киев бағоят нашъунамо ёфт. Владимир тамоми заминҳои славянҳои шарқиро муттаҳид на-муда, идоракунии давлатиро мустаҳкам кард, масеҳиятро чун дини давлатӣ ҷорӣ намуд (988—989). Соли 984 дружинаи княз Владимир бо сардории Волчий Хвост радимичҳоро дар назди дарёи Пишан мағлуб карда, онҳоро маҷбур намуд, ки хироҷ диҳанд. Дар аҳди Ярослав қисми қадимаи «Рус¬ская Правда» — мунтахаботи қонунҳои Руси Киев тартиб дода шуд. Князҳои Киев сиёсати фаъолонаи берунӣ мебурданд. Дар натиҷаи юриши Олег ба Новгород (тахминан 911) бо Византия шартномае имзо карда шуд, ки он ба манфиати Руси Киев буд. Княз Игор ба Закавказия 913—943, 941 ва 943— 944 ба Византия юриш кард. Свято-слав Игоревич хоқони Хазарро (965) торумор карда, Булғорияи Волгаю Камаро ба худ тобеъ намуд; кӯшиш кард, ки дар Дунай мустаҳкам шуда гирад, вале ин боиси ихтилоф бо Ви¬зантия гардид (971). Владимир ба¬рои пешгирӣ кардани хатари ҳуҷуми печанакҳо сарҳадҳои ҷанубиро мустаҳкам кард. Ба муқобили Полша ва Византия ҷангид. Руси Киев бо Осиёи Миёна, Византия, Шарқи Наздик, Скандинавия, Франсия, мамлакатҳои Наздибалтика ва ғайра муносибатҳои тиҷоратию сиёсӣ ва маданӣ дошта, мӯина, асал, матоъҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга, маснуоти бадеӣ мефурӯхт. Тараққии қувваҳои истеҳсолкунанда, васеъгардонии заминдории феодалӣ, кӯшиши дар маҳалҳо пурқувват кардани ҳокимият боиси парокандагии феодалии Руси Киев гардид. Дар чоряки аввали асри 11 Новгород ва Полотск кӯшиш карданд, ки аз Киев ҷудо шаванд. Нимаи дуюми асри 11 Ярославичҳо (писарони калони Ярослав) Изяслав (князи Киев, Нов¬город, Туров), Святослав (князи Чернигов) ва Всеволод (князи Пе¬реяслав ва Суздал) якҷоя бар зидди князи Полотск Всеслав Брячиславич, ки ба ҳокимияти Киев итоат намекард, мубориза мебурданд. Аз солҳои 70-уми асри 11 байни Ярославичҳо ҷангу ҷидол cap шуд. Дар нимаи якуми асри 12 ба Владимир Мономах муяссар гардид, ки просесси парокандашавии Руси Киевро муваққатан боздорад. Баъди вафоти ӯ (1125) Руси Киев ба князиҳои мустақил тақсим шуд. Калонтарини онҳо: князиҳои Владимиру Суздал, Киев, Смоленск, Чернигов, Полотск, Переяслав, Балитск, Владимиру Волинск, Турову Пинок ва Республикаи феодалии Новгород буданд. Аз парокандагии Руси Киев феодалони қипчоқ, полян, Литва, венгер истифода бурданд. Дар ни май якуми асри 13 князҳои ҷудогона ҳуҷуми муғулҳоро зада гардонда натавонистанд ва ба муддати дуру дароз мутеи онҳо гардиданд. Заминҳои ғарбии Руси Киев бо князии кабири Литва ҳамроҳ шуданд. Маълумотҳои археологӣ ва сарчашмаҳои хаттӣ дар бораи маданияти баланди Руси Киев шаҳодат медиҳанд: Асоси онро маданияти славянҳои шарқӣ ташкил медод, ки он унсурҳои маданияти Византинро ба худ гирифта буд. Дар бораи паҳншавии хат дар Руси Киев солномаҳо, адабиёти тарҷумавӣ ва оригиналӣ, грамотаҳо, ҳитҳои дар рӯи ашё ва деворҳои иморат нивишташуда шаҳодат медиҳанд. Ярослав дар Киев китобхона таъсис дод, дар дайрҳо рӯнавис ва тарҷумаи китобҳо ташкил карда шуд. Китобҳо бо лавҳаҳо ва расмҳо оро дода мешуданд. Қадимтарин ёдгориҳои хаттӣ — «Инҷили Остромир» (1056—1057), «Инҷили Тур» (асри 12), «Мунтахаботи Святослав» (1073—1076), «Солноман айёми гузашта»— маҷмӯаи солномаҳо (дар ибтидои асри 12 дар асо¬си солномаҳои пешина тартиб дода шудааст). «Гуфтор андар ситоиши полки Игор» шоҳасари адабиёти он давра буд. Асарҳои эпоси даҳонии халқ паҳн мешуданд. Меъморӣ нашъунамо меёфт. Баробари қабул кардани дини насронӣ маъбадҳои сангини боҳашамати зебо сохта мешуданд. Устоҳои Руси Киев беҳтарин намунаҳои асарҳои меъмориро офаридаанд: калисои ҷомеъ дар Киев, Новгород ва Полотск, меъмории дунявӣ низ инкишоф меёфт. Бозёфтҳои архе¬ологӣ, сарчашмаҳои хаттӣ ва асарҳои санъати тасвирӣ аз васеъ паҳн шудани мусиқии динӣ ва дунявӣ шаҳодат медиҳанд. Руси Киев аз ҷиҳати маданият дар қатори мамлакатҳои пешқадами замони худ меистод. Руси Киев қувваҳои парокандаи славянҳои шарқиро муттаҳид намуда, барои инкишофи минбаъдаи онҳо шароити мусоид фароҳам овард.
Руси Киев ватани 3 халқи славянҳои шарқӣ — рус, украин ва белорус мебошад.
Ад.: История СССР с древнейших времен до наших дней, т. 1, М., 1%6; Т а т и щ е в В. И.. История Российская, т. 1—2. М,—Л., 1962—03; Греков Б. Д„ Киевская Русь, М., *1953; Рыбаков Б. А.. Древняя Русь. Сказания. Были¬ны. Летописи, М., 1963; Пашу то В. Т„ Внешняя политика древней Руси, М., 1968; Древнерусское государство и его международное значение, М., 1965; Ю ш ко в С. В., История государства и права СССР, ч. 1, М.. 1961; Тихомиров
М. И., Древнерусские города, 2 изд., М., 1956; Мавродин В. В., Образование древнерусского государства, Л., 1945.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …