Маълумоти охирин

РУПИЯ

РУПИЯ (аз забони санскр. — руня — сикказада), воҳиди пули Ҳиндустон, Индонезия, Маврикия, Малдив, Непал, Покистон, ҷазираҳои Сейшел, Шри Ланка ва ғайра. 1) Рупияи ҳиндӣ охири асри 16 ҷорӣ шуда буд. Аз 1 апрели 1957 бо гузаштан ба системаи пулии даҳӣ Рупия ба 100 пайса баробар шуд. Мувофиқи қурби Банки дав¬латии СССР 1 май 1981 100 Pупияи ҳин¬дӣ 8 суму 67 тин аст.

rupiya

2) Pупияи индонезӣ ба сифати воситаи ягонаи қонунии пардохт аз феврали 1950 дар мамлакат ҷорӣ шуда, аз 100 сентябр – иборат аст. Мувофиқи қурби Банки давлатии СССР 1 май 1981 100 Рупияи индонезӣ 1 сӯму 10 тин. 3) Рупияи покистонӣ аз соли 1948 ҷорист. Аз 1 январи 1961 ба 100 пайса тақсим мешавад. Мувофиқи қурби Банки давлатии СССР 1 май 1981 100 Рупияи покистонӣ —7 сӯму 12 тин. 4) Рупияи вепалӣ октябри 1960 ҷорӣ шудааст. Ба 100 пайса тақсим мешавад. Мувофиқи қурби Банки давлатии СССР 1 май 1981 100 Рупияи непалӣ-5 сӯму 75 тин. 5) Рупияи шри-ланкӣ аз 100 сент иборат аст. Мувофиқи қурби Банки давла¬тии СССР 1 мая 1981 100 Рупияи Шри Ланка—4 сӯму 02 тин. 6) Рупияи маврикӣ аз охири асри 19 ҷорист. Ба 100 сент тақсим мешавад. 7) Рупияи малдавӣ аз ибтидои асри 20 дар муомилот аст. Ба 100 сент тақсим мешавад. 8) Рупияи сейшелӣ низ аэз 100 сент иборат аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …