Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОЗИҚОВА Хуроанд

РОЗИҚОВА Хуроанд

РОЗИҚОВА Хуроанд (таваллудаш 1939, деҳаи Ғӯлакандози райони Пролетар, вилояти Ленинобод), механизатор. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1972). Аъзои КПСС аз соли 1966. Солҳои 1958—1961 хонандаи Омӯзишгоҳи касбҳои техникии шаҳри Ко¬нибодом, 1961—1969 механизатор, аз соли 1969 сардори бри-гадаи механиконидаи колхози ба номи В. И. Ленини райони Пролетар. Бригадаи Розиқова дар давоми бисёр сол ҳосили фаровони пахта ба даст овардааст. Бо 2 ордени Ленин, ордени «Нишони Фахрӣ», модалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …