РОВАНДИЯ яке аз растаниҳои мазҳаби шиаро гӯянд, ки тарафдори имомату хилофати Аббосӣ мебошад. Асосгузори равияи мазкур Абдуллоҳи Ровандист, ки барои сарнагуншавии хилофати Умавия ва барқароршавии хилофати Аббосия тарғиботи зиёде бурда, имоматро баъди Абӯҳошим ба Муҳаммад ибни Аббос расонидааст. Мувофиқи маълумоти Абдулқодири Бағдодӣ дар «Фарқ байн-ул-фирақ» Ровандия дар вилоятҳои мухталифи Шарқ хосса дар Хуросон нуфузи зиёде дошт. Тарафдорони Ровандия бештар деҳқонони Хуросон ва ашрофзодагонни эронӣ буданд ва баъд аз сарнагун¬шавии давлати Умавия бо ёрии Абдмуслим давраи наверо дар таъряхи хилофат эълон карданд. Баъ¬ди кушта шуданаш Абумуслимро ба дараҷаи худоӣ расонда мегуфтанд, ки рӯҳи илоҳӣ ба ӯ нуфуз кардааст. Дар Ҳирот ва Марв онҳоро б а р к у к и я меноманд. Ҳ о шимия, ҳ а р и р и я ва муслим и я р о шохае аз Ровандия медоканд.
H. Беков.
Инчунин кобед
САҒОНА
САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …