Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОШАЛ Григорий Лвович

РОШАЛ Григорий Лвович

РОШАЛ Григорий Лвович (20.10. 1899, Новозибков, ҳоло вилояти Брянск —12; 8. 1983, Москва) режиссёри кинои советӣ, педагог. Артисти Халқии СССР (1967). Аз соли 1925 режиссёри кино. Филми нахустинаш «Ҷанобон Скотининҳо» (1927, ва рӯи мазҳакаи Д. И. Фонвизин «Ноболиғ»). Оҳангҳои гражданин, ки ба эҷодиёти Рошал хос аст, дар филмҳои зидди- фашистии «Сала¬мандра» (1928), «Оилаи Оппенгейм» (1930, аз рӯи асари Л. Фейхтвангер), «Мурофиаи девонагон» (1962) хеле равшан инъикос ёфтаанд. Майл ба мавзӯъҳои доманадори эпикӣ ва қаҳрамонӣ, ки хоси эҷодиёти режиссёр аст, дар филми «Субҳи Париж» (1057), аз рӯи асари А. Н. Толстой «Сарсониву саргардониҳо» филми сегонаи «Хоҳарон» (1957), «Соли ҳаждаҳум» (1957), «Субҳи тира» (1950) ба назар мерасад. Филмҳои «Шаби Пе¬тербург» (1034, аз рӯи асари Ф. М. Достоевский бо ҳамкории В. П. Строева), «Кори Артамоновҳо» (1941, аз рӯи асари М. Горкий), «Вораста» (1956, аз рӯи асари Ф. В. Гладков) дар эҷодиёти Рошал мавқеи намоён доранд. Филмҳои таърихӣ-тарҷумаиҳолии ӯ: «Суруди Абай» (1946, бо ҳамкории Б. Е. Арон), «Академик Иван Павлов» (1949), «Мусоргский» (1950), «Римский-Корсаков» (1953), «Як соли баробари умр» (1966, доир ба ҳаёт ва фаъолияти К. Маркс). Муаллифи як қатор сенарияи филмҳо ва мақолаҳо доир б а санъати кино. Муаллими ВГИК. Лауреати Мукофотҳои давлатии СССР (1950, 1951). Бо 4 ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …