Маълумоти охирин

«РОКИ ҲИНДӢ»

«РОКИ ҲИНДӢ» 1). оҳанг ва сурудест мансуб ба мардуми ҳинд. 2) Шӯъбаи созй дар мақоми «Рости Панҷгоҳ» («Ҳафтдастгоҳи эронӣ), ки пас аз шӯъбаи «Фаранг» якҷоя бо шӯъбаҳои «Роки Абдуллоҳ», «Роки Кашмир», .«Нагмаи рок» меояд ва аз ҷиҳати мавзӯъ, сохту услуби зарбӣ ба ин шӯъбаҳо қаробат дорад. 3) Шӯъбаи овозӣ дар мақоми «Моҳур» (Эрон). «Роки ҳиндӣ» дар мақомҳои эронӣ вазифаи оғози рок ва дигар шохаҳои онро адо менамояд. (Ниг. низ Рого).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …