Маълумоти охирин
Главная / Илм / РОБИТА

РОБИТА

РОБИТА (арабӣ), дар фалсафа алоқа, вобастагии мутақобилаи мавҷудоти олам. Робита яке аз мафҳумҳои асосии материализми ди¬алектикӣ ба ҳисоб меравад. Дурустии маърифати инсон ба дуруст муайян намудани Pобитаи ҳодисаҳои гуногуни олам вобаста буда, сабабу натиҷа ва шаклҳои гуногунанд. Ҳамаи ҳодисаву просессҳои олам байни худ Робита доранд, чу¬нин аст мазмуни яке аз рукнҳои диалектика, ки принсипи робитаи куллӣ ном дорад. То пайдоиши ма¬териализми диалектикӣ танҳо Робитаи мутақобилаи байни предметҳо мавзӯи таҳқиқ қарор гирифта буд. Ба таҳқиқи мафҳуми Робита ва таҳлили мантиқии он аҳамият дода намешуд, танҳо шаклҳои дарунӣ ва берунӣ, зарурӣ ва тасодуфӣ, асосӣ ва ғайриасосии Робита ба эътибор гирифта мешуду бас. Дар асри 19 зимни танқиди механитсизм, ки шаклҳои гуногуни Робитаро фақат аз Pобитаи механи¬кӣ иборат медонист, ба маънидоди диалектикии Робита замина гузошта шуд. Ҷиҳатҳои хоси Робита, ки ба шаклҳои мухталифи ҳаракати материя мансубанд, ошкор карда шуданд. Дастовардҳои соҳаи химия ва био¬логия заминаи асосии ин комёбӣ буд.
Аз назари материализми диалек¬тикӣ Робитаро Ф. Энгелс (дар «Диалектикаи табиат») ва В. И. Ленин (дар «Доир ба масъалаи диалектика») ҳамаҷиҳата таҳлил карданд. Аз ҳамон вақт cap карда, принсипи Робитаи куллии ашёву ҳодисаҳои олам дар методологияи назарияи маърифат аҳамияти бузург пайдо кард.
Робита на танҳо проблемаи фалсафӣ, балки мавзӯи тадқиқоти илмҳои конкретии муосир низ гаштааст. Робитаро вобаста ба хусусият ва шаклҳои гуногунаш ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд. Ин тақсимот аз назари фалсафӣ ба таснифоти шаклҳои ҳаракати материя мувофиқат мекунад. Аз рӯи принсипи сабабият низ Робитаро ба шаклҳои гуногун ҷудо мекунанд. Масалан, агар илмҳои классикӣ ба сабабияти мустаҳкаму якқиматаи Робита такя кунад, дар як қатор соҳаҳои маърифати муосир дар омӯзиши маҷмӯи алоқаҳои зоҳирнашуда ба Робитаҳои эҳтимолию коррелятивӣ такя мекунанд.
Робитаро аз рӯи таъсир, равиш, хусусиятҳои натиҷа, ҳаракат, шакл ва мазмуни ҳодиса низ ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд. Мафҳуми Робита дар асоснок кардани методологияи мавзӯи нави таҳқиқ барои таҳлили ҳодисаи омӯхташаванда мавқеъ дорад.
Ад.: Ленин В. И., Дафтарҳои фило¬софа, Ас., ҷ. 38; Новинский И. И., Понятие связи в марксистской филосо¬фии, М., 1901; Юдин Э. Г., Становле¬ние и сущность системного подхода. М., 1973.
А. Одинаев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …