Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОҚИМ Мирзо Саъдуддин Муҳаммади Машҳадӣ

РОҚИМ Мирзо Саъдуддин Муҳаммади Машҳадӣ

РОҚИМ Мирзо Саъдуддин Муҳаммади Машҳадӣ (соли таваллудаш номаъ-лум, Машҳад—вафоташ 1689 ҳамон ҷо), шоири эронӣ. Дар зодгоҳаш, инчунин шаҳри Ҳирот таҳсили илм кардааст. Баъд аз хатми таҳсил Роқим, зоҳиран, ба хидмати дарбор роҳ ёфт, ва¬ле дар ин ҷо ба тазйиқу ҳуҷуми шоирони маддоҳу ҷасуд дучор омад. Аз даста ин гуна нокасон, инчунин «аҳли ситам» Роқим тарки ватан намуда ба Ҳиндустон рафт. Роқим чанде дар Ҳиндустон умр ба cap бурда, боз ба Машҳад баргашт. Ӯ дар ин ҷо ҳеҷ гуна ҳимояту дастгирие надида, дар хориву зори зиндагӣ кард. Аз Машҳад ба Исфаҳон омада, ба дарбор роҳ ёфт ва вазири Ҳирот ва Хуросон таъин гардид. Пас аз шинос шудан бо риёкориву разолати аҳли дарбор аз ин вазифа даст кашида, охири умрашро дар Машҳадз.
Аз Роқим девоне боқӣ мондааст, ки се нусхаи дастнависи он дар китобхонаҳои хориҷа ва ду нусхааш дар СССР (Тбилиси, Тошкент) маҳфузанд. Нусхаи девони Роқим, ки дар китобхонаи Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон мавҷуд аст, қадимтару му¬каммалтар буда, аз 910 ғазал, 1 қасида, 9 рубоӣ ва 1 қитъа (зиёда аа 10000 байт) фароҳам омадааст. Роқим асосан шоири ғазалсаро мебошад. Ғазалҳояш аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа гуногун буда, бештар ба танқиди аҳли сарвату давлат, шикоят аз носозии замон, танқиди шахсониӣ(худпарасту танпарвар, шикоят аз ғарибӣ ва беқадрии сухан ва аҳли адаб, васфи ишқу муҳаббат, табиат ва ғайра оиданд. Қисми зиёди ғазалҳои Роқим дар мавзӯи ишқу ошиқӣ буда, дигар масъалаҳо дар зимни мавзӯи мазкур ба гардидаанд. Дар порчаи зерин оҳанги норизоӣ ва шикоят, дурӣ ҷустан аз аҳли дарбор садо медиҳад:
Чӣ роҳат хохӣ аз давлат, ин дар маънӣ яке бошад,
Ба коми давлати дунёву коми аждаҳо
будан.
Агар ин аст файзи навбаҳори роҳати давлат.
Дар оташ беҳтар аст аз сояи боли ҳумо
будан.
Шудам то ошнои аҳли давлат, нестам
бе ғам,
Балое буд бо арбоби давлат ошно – будан.
Ки чуз арбоби давлат мекунад бар коми дил ширин,
Ба ҷун ғалтидану доим ба фикри хунбаҳо будан?
Ғазалиёти Роқии бо забони соддаву равон ва ороста бо сагъатҳои бадеӣ эҷод шудаанд.
Ад.: Зуҳуриддинов А., Саъдуддин Роқими Машҳадӣ, «Садои Шарқ», 1969. А. Зуҳуриддинов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …