Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОҚИМ Мирсаид Шариф

РОҚИМ Мирсаид Шариф

РОҚИМ Мирсаид Шариф (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва таърихнависи тоҷик (асри 17). Аз
оилаи мансабдор. Дар Самарқанд зиндагӣ, таҳсил ва эҷод кардааст. Чанде аз қасидаву ғазал ва рубоиҳои Роқим дар тазкираву баёзҳои асрҳои 17—19 дарҷ ёфтаанд, ки аз истеъдод ва табъи баланди шоирии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Девони Роқим дастрас нест. Роқим доир ба таърихи Хуросону Мовароуннаҳр асаре дорад, ки мувофиқи маълумоти Малеҳои Самарқандӣ («Музокир-ул-асҳоб») дар асри 17 бо номи «Таърихи Саидроқим» маълум буда, таҳрири охиринаш аз тарафи муаллиф соли 1702 анҷом ёфтааст. Ин асари Роқим соли 1915 дар Тошканд дар ҳошияи тазкираи «Тӯҳфат- ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб»-и Возеҳ бо унвонн «Таърихи касира» чоп шудааст.
А. Зуҳуриддинов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …