Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЁ Чарльз

РЁ Чарльз

РЁ (Шоп) Чарльз (1820, Женева —1902), шарқшиноси англис. Дар Университети Бонн забонҳои арабӣ, форсӣ ва санскритро омӯхтааст. Аз соли 1847 ходими Музейи Британия. Соли 1867 ба унвони Нигаҳдорандаи дараҷаи аввали дастнависҳои шарқӣ ноил гардидааст. Аз соли 1895 профессори Университети Кэмбриҷ. Рё зиёда аз 50 соли умри худро ба омӯзишу тадқиқи дастеависҳои шарқии Музейи Британия бахшидааст. Асари бузургтарини Рё «Феҳристи дастнависҳои форсии Музейи Британия» (1779—1883) мебошад, ки аз се ҷилд иборат буда, дар он 2536 дастнавис тавсиф шудааст. Ҷилди 1-ум 947 дастнависи форсиро дар бар мегирад, ки ба таърих ва ҷуғрофия оиданд. Дар ҷилди 2-юм осори манзум ва мансури адабиёти форс-тоҷик то Ҷомӣ (девонҳои Абулфараҷи Рунӣ, Масъуди Саъди Салмон ва дигарон), осори шоирони асрҳои 10—19 тавсиф гардидааст. Ҷилди 3-юм аз муқаддима ва ду қисм иборат аст. Дар муқаддима муаллиф таърихи мураттаб кардани асарашро баён намудааст. Дар ду қисми асар асосан дастнависҳои коллексияи шарқшиноси англис Т. Элиот (1808—1853) тавсиф шудаанд.
Ос.: Catalogue of the Persian manuscripts in British Museum, vol. I—III, Oxford, 1966.
M. Шаҳидӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …