Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИЗОИИ БУХОРОӢ

РИЗОИИ БУХОРОӢ

РИЗОИИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Мувофиқи маълумоти Малеҳо («Музокир-ул-асҳоб») аз Бухоро буда, дар ҳамон ҷо камол ёфтааст. Ӯ дар шеъру шоирӣ асосан пайрави классикони адабиёти форс- тоҷик буда, чунонки Малеҳо низ таъкид мекунад, «ба тарзи қудамо» ва аксаран дар татаббӯи ашъори Соиб шеърҳои хубу дидписанд месурудааст. Дар ашъораш оҳангҳои рӯҳафтодагию сӯфиёна ҳам дида мешавад. Намунаҳои ашъори Ризоии Бухороӣ дар тазкираи Малеҳо ва маҷмӯаю баёзҳо ба назар мерасанд. Ҳ. Самадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …