РИВАККӮЛ, кӯлост дар Помири Ғарбӣ, дар территорияи райони Шуғнони Вилояти Автономии Бадахшони Қӯҳистон. 35 километр болотар аз резишгоҳи дарёи Ривакдара (шохоби чапи дарёи Ғунд), дар баландии 3800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст.
Тӯлаш 2520 метр, бари он то 500 метр. Чуқурии Риваккӯл ба ҳисоби миёна 8,4 метр, ҷои чуқуртаринаш 16 метр. Масоҳати сатҳи об 1,33 километр2, ҳаҷмаш 0,112 километр3. Кӯлро нахустин бор сепнтябри 1974 экс- педисияи Управленияи республикавии Тоҷикистон оид ба обуҳавосанҷӣ ва назорати муҳити табиат тадқиқ намуд. В. С. Машков.