Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ МУСИҚӢ ДАР НАЗМИ ДУВОЗДАҲМАҚОМ»

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ ДАР НАЗМИ ДУВОЗДАҲМАҚОМ»

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ ДАР НАЗМИ ДУВОЗДАҲМАҚОМ» рисолаи мусиқист. Ба қалами Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ мансуб буда, асри 16 навишта шудааст. Рисола аз аввалин таълифоти манзумест роҷеъ ба мақомҳо. Фасли аввал «Дар баёни нағмаҳои шӯъбаҳо» буда, тавсифи 24 шӯъба, муносибати шӯъбаҳо ба мақомҳо, мавриди иҷрои пардаҳо ва аз чанд нағма тартиб ёфтани шӯъбаҳоро дарбар мегирад.
Муаллиф дар фасли дуюм аз хусуси овозаҳо, ба кадом мақомҳо нисбат доштан, аз чанд нағма таркиб ёфтан ва дигар ҳусусиятҳои онҳо мухтасар маълумот додааст. Дар фасли сеюм тавсифи таносуби мақомҳо ва бурҷҳои фалак, аз чанд нағма иборат будани мақомҳо, таҳлили онҳо ва ғайра баён шудаанд. Фасли чорум «Дар баёни усули мухталифа» ном дошта, муаллиф ин ҷо роҷеъ ба 17 усули мусиқӣ, хусусияти зарбию савтӣ ва аз аркони муҳими мусиқӣ будани онҳо сухан меронад. Фасли панҷум «Дар донистани 12 мақому 24 шӯъба ва 6 овоза» буда, ин ҷо таркиботи умумии мақомҳо ва пайвасти савтию таронавӣ, тартиби ҷойгиршавии онҳо ва ғайра тавсиф шудааст. Хотимаи рисола дар хусуси қаробат доштани 6 овоза ба ҳар мақом баҳс мекунад. Як нусхаи ин асар таҳти рақами 415/7 дар захираи дастнависҳои Институти шарқшивнсии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон нигоҳ дошта меша- вад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …