Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ МУСИҚӢ»

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ»

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ» асари Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ, ки асри 16 таълиф шудааст. «Рисолаи мусиқӣ» аз муқаддима, 12 мақом (фасл) на хотима иборат аст. Дар муқаддима аз хусуси илми мусиқӣ ва мақсадӣ таълифи асар сухан меравад. Мақоми аввал «Дар шарафи илми мусиқӣ», мақоми дуюм «Дар баёни маънии мусиқӣ ва таъини мавэӯи ӯ», мақомҳои сею-му чорум «Дар таърифи иағма» ва «Дар таърифи бӯъду ҷипс» ном до-раид. Кавкабй дар таърифи бӯъд, ҷинс ва ҷамъ гуфтаҳои Форобй, Иб-ни Сиио ва Сафиуддини Урмавиро далол мсорад. Мақомҳои папҷуму шашум «Дар баёни пардаҳои аслй», «Дар писбати овоэаҳо ва шӯъбаҳо» буда, роҷеъ ба пандоиши мақомҳо ривоятҳо дорад. Ипчупин 6 овозо, 2-1 шӯъба, нисбатн опҳо ба мақом-ҳо, роҳҳои ҳосили шӯъбаҳо ва ғ. муфассал таҳлил шудаопд. Мақоми ҳафтум «Дар баёни таркибот» таҳ-лили 12 мақом, 24 шӯъба ва ама-лияи истифодаи опҳоро дар бар мо-гирад. Мақоми ҳаштум «Дар таъ-рифи нақра» аст. Кавкабй дар ин ҷо сабабу фосилауо ва сохти знҳофип онҳоро таҳлил мекунад.
Мақоми нуҳум «Дар таърифи иқоъ», мақоми даҳум «Дар адвори зуруб* ном дорад. Кавкабӣ мегӯяд, ки зарбҳо дар мусиқии форс-тоҷик >12 ва дар мусиқии араб 6-то мебошанд. Ӯ схемаҳои асрини доираҳои зарбиро нишон додааст:
Яъне доираи «Ҳазаҷ» аз се зарб ва ҳашт нақра, ду сабаби хафиф ва як фосилаи суғро (тан тан тананан); доираи «Уфар» аз шаш нақра, як сабаби хафиф ва як фосилаи суғро (тан тананан) ва доираи «Дуяк» вз се зарб, ҳашт нақра ва ду фосилаи суғро (тананаи тананаи) таркиб ёфтаанд. Мақоми ёздаҳум «Дар тасниф» ва мақоми дувоздаҳум «Дар баёни ақсоми ба ҳасби усул аз ҳам мумтоз» ном доранд. Хотима «Дар риояти ҳолот ва таъини авқот» аст. Ду нусхаи мукаммали «Рисолаи мусиқӣ» дар захираи дастнависҳои шарқии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон таҳти рақамҳои 468 ва 2257 маҳфуз аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …