Маълумоти охирин

РИНГ

РИНГ (англисӣ) майдончаи мураббаест барои мусобиқаи боксёрҳо. Тарафҳои Ринг (ҳар кадоме 5—6 метр) бо се қатор ресмоне, ки ғафсиаш 2,5—3 сантиметр аст, иҳота карда мешавад, фосилаи байни ҳар қатор 40 сантиметр буда, аз фарш мутаносибан 40, 80 ва 120 сантиметр баландтар аст. Ба саҳнаи Ринг намад, брезент ё материали синтетикии нарм густурда мешавад.

ring-dlya-boksa-bokserskii-ring-napolnyi-razmer-6h6-photo-636a

Рингро одатан дар тахтасуфае мегузоранд, ки баландиаш 0,75 —1.25 метр ва дарозиаш 6—8 метр мебошад. Таърихи конструксияи Ринги ҳозиразамон аз соли 1838, аз рӯзи тасдиқи қоидаҳои «Ринги ҷоизавии Лондон» ибтидо мешавад. Нигаред, Бокс.

Инчунин кобед

ustodi-varzish

УСТОДИ ВАРЗИШ

УСТОДИ ВАРЗИШ, дар СССР унвонҳои зерини спортӣ таъсис шудаанд: 1) Устоди спорти СССР, соли 1935 …