Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕЗАДАРАХТОН

РЕЗАДАРАХТОН

seb-pakana

РЕЗАДАРАХТОН, дарахтони мевадори пакана, асосан себу покро гӯянд. Дар ноҳияҳои ҷануби Союз Советских Социалистических Республик СССР маъмуланд. Резадарахтон пештар ба ҳосил меда-роянд ва серҳосил (30 тонна/гектар) мешаванд; меваи калон-калон, ширин ва хушранг медиҳанд. Парвариш ва ғунучини ҳосили Резадарахтон осон аст. Резадарахтонро бо роҳи ба пайвандакҳои махсуси сабзишашон суст пайванд кардани навъҳои муқаррарӣ, парварида зиёд кардани навъи растаниҳои табиатан пакана, бо усули шақпайванди пайвандтаки пакана, бо моддаҳои химиявӣ маҳдуд кардани рушди дарахтони тезсабз ва бо роҳи дар зарфҳои хурдҳаҷм (тубак, қутт ва ғайра) рӯёндани растанӣ ба вуҷуд меоранд. Резадарахтонро асосан бо усули пайванд парвариш мекунанд.

Адабиёт: С м и р н о в В. Ф., Культура карликовых плодовых деревьев, Москва, 1900; Будаговский В. И., Промышленная культура карликовых деревьев, Москва, 1963.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …