РЕЙСНЕР Игор Михайлович (8. 1. 1899, Томск — 7. 2. 1958, Москва), шарқшиноси советӣ, доктори илмҳои таърих (1953). Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза аз соли 1944. Соли 1916 дар Петроград гимназияро хатм намуд. Баъди Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Комиссариати халқии ҳуқуқ ва Академияи сотсиалистӣ, солҳои 1919—26 дар системаи Комиссариати халқии корҳои хориҷӣ (аз он ҷумла дар Афғонистон солҳои 1919—21) кор кард. Соли 1924 факултети шарқшиносии Академияи Ҳарбии Армияи Сурхи Коргару Деҳқонро хатм намуд. Солҳои 1925—35 дар Институти байналхалқии аграрӣ кор карда, дар як вақт дар Институти шарқшиносии Москва дарс дод, аз соли 1935 профессори Университети давлатии Москва, аз соли 1938 ходими илмии Академияи Фанҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР (аз соли 1957 мудири сектори таърихи Ҳиндустони Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Союз Советских Социалистических Республик ). Яке аз асосгузорони илми советӣ оид ба омӯзиши Ҳиндустон ва Афғонистон. Проблемаҳои муқимтарини инкишофи ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои миллии озодихоҳии халқҳои Ҳиндустонро кор карда баромадааст. Аввалин шуда пайдоиши муносибатҳои феодалӣ ва давлатдории афғонҳоро тадқиқ намуд; асосгузори омӯзиши масъалаҳои асосии таърихи навтарини Афғонистон. Дар асарҳои Рейснер тадқиқи қонунияти умумии инкишофи таърихии муборизаи озодихоҳии халқҳои Шарқ ҷои муҳимтаринро ишғол менамояд.
Основание.: Развитие феодализма и образование государства у афганцев, Москва, IУ54; Народное движения в Индии в 17— 18 ввеков Москва, 1961.