Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕЙГАН Роналд Уилсон

РЕЙГАН Роналд Уилсон

reygan-r

РЕЙГАН (Неа^ао) Роналд Уилсон (таваллуд 1911, шаҳри Тампико, штати Йллинойс), ходими давлатӣ ва сиёсии Штатҳои Муттаҳидаи Америка.  Соли 1932 коллеҷи Юрикро дар штати Иллинойс хатм намуд. Солҳои 1932—37 шореҳи спортии радиостан-сияи ширкати «Нэшонал бродкастинг компани» (дар шаҳрҳои Давениорт ва Де-Мойни штати Айова) буд. Аз соли 1937 актёри Голливуд; дар бештар аа 50 кинофилм нақш офаридааст. Солҳои ҷанг (1942—45) дар органҳои информатсионии Қувваҳои Ҳарбии Ҳавоии Штатҳои Муттаҳидаи Америка хизмат кард. Соли 1945 ба Голливуд баргашт. Солҳои 1947—52 президент ва 1959—60 раиси Гилдияи (иттифоқи касабаи) артистони кино буд, ки он ба ҳайати Федератсияи мехнати Штатщои Муттащидаи Америка дохил мешуд. Солҳои 1954—62 барандаи программаи махсуси телевизионии «Театр «Ҷенерал электрик*. Аз соли 1966 ду мӯҳлат губернатори штати Калифорния буд. Солҳои 1980 ва 1984 дар интихобот бар номзадҳои Партияи демократӣ ғолиб омада президент (аз Партияи республикавӣ) шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …