Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИОНЕРҲОИ ДЕМОКРАТ

РЕВОЛЮТСИОНЕРҲОИ ДЕМОКРАТ

russkie-revolucionnie-demokrati

РЕВОЛЮТСИОНЕРҲОИ ДЕМОКРАТ дар Р о с с и я, намояндагони ҳаракати револютсионӣ, идеологҳои демократияи деҳқонон. Қувваи пешбарандаи ҳаракати озодихоҳӣ дар марҳалаи разпочигӣ (нигаред, Разночинҳо), пешгузаштагони сотсиал-демократияи Россия. Идеологияи револютсионӣ-демократӣ солҳои 40 асри 19 ба вуҷуд омад ва дар ҳаракати ҷамъиятии солҳои 60—70 омили асосӣ гардид, Револютсионерҳои демократ аз ҷиҳати баромади иҷтимоӣ асосан разночинҳоанд, агарчи дар байни онҳо дворянҳо низ буданд. В. Г. Белинский яке аз аввалин Револютсионерҳои демократ буд. Солҳои 50—60 Револютсионерҳои демократ  бо роҳбарии Н. Г. Чернышевский, Н. А. Добролюбов, А. И. Герцин, Н. П. Огарёв ва дигар идеяҳои худро дар саҳифаҳои «Современник» (Ҳамзамон») ва «Колокол» («Зангӯла») тарғиб мекарданд. Револютсионерҳои демократ  идеяи револютсияи деҳқононро бо идеяҳои сотсиализми утопистӣ мепайвастанд. Деҳқононро дар мамлакат қувваи асосии револютсионӣ медонистанд; чунин ақида доштанд, ки Россия баъди тавассути револютсияи деҳқонон барҳам задани ҳуқуқи крепостнои капитализмро аз сар нагузаронида, ба воситаи ҷамоаи деҳқонон ба сотсиализм мерасад. Револютсионерҳои демократ  ташкилотҳои махфии револютсионии «Земля и воля» («Замин ва озодӣ»)-и солҳои 60, «Земля и воля»-и солҳои 70, «Народная воля» («Озодии халқ») ва дигар ташкилотҳоро ташкил карданд.

Идеяҳои Револютсионерҳои демократ  ба инкишофи илмҳои ҷамъиятӣ, адабиёт ва санъати халқҳои Россия таъсири самарабахш расонд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …