Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Республикаи Науру

Республикаи Науру

Науру (Nauru), Республикаи Науру, давлат дар ҷазираи Науру дар қисми ҷанубу ғарбии уқёнуси Ором. Масоҳат тақрибан 22 км2. Аҳолиаш зиёда аз 8 ҳазор нафар (1980), ки зиёда аз нисфи он таҳҷои — науриҳо мебо­шанд, боқимонда — хитоиҳо, европоиҳо ва ғайра. Тақрибан 65% ахолӣ диндорон — протестантҳо. Забони расмӣ — науруӣ ва англисӣ. Мамлакат ба 14 округ тақсим мешавад. Маркази маъмурӣ — округи Ярен.

Науру аъзои Иттиҳоди Британияи Кабир мебошад. Конституцияи амалкунандааш соли 1968 қабул шудааст. Сардори давлат ва ҳукумат— прези­дент аст, ки ба мӯҳлати 3 сол интихоб мешавад. Органи қонунбарор — Ассамблеяи қонунбарор. Системаи судиаш — Суди олӣ ва судҳои маҳаллӣ. Дар мамлакат як партияи сиёсӣ ҳаст, ки Партияи Науру ном дорад ва соли 1976 таъсис шудааст. Ягона ташкилоти иттифоқҳои касаба Таш- килоти коркунони саноати истеҳсоли фосфорит (таъсисаш соли 1953).

Науру атолле мебошад, ки бо ҳаракати тектоникӣ бардошта ва бо девори харсангҳои марҷонии зериобӣ иҳота шудааст. Кӯли шириноби на он қадар калони лагунӣ дорад. Сатҳаш пуштакӯҳ буда (баландиаш то 70 метр), дар соҳилҳо майдончаҳои борик мавҷуд аст. Лагунаҳои кӯҳна конҳои калони фосфорит доранд. Иқлимаш экваторӣ ва намнок. Ҳа- рорат миёнаи моҳола наздики 28° Селсия. Боришоти солона ба ҳисоби миёна тақрибан 450 миллиметр. Набототаш — ҷангалҳои сахтбарги сафедча. Фаунааш хусусияти ҷазирагӣ дорад (паррандаҳои бисьёри баҳрӣ, ҳашарот). Асоси иқтисодиёти Науруро истеҳсол ва экспорти фосфоритҳо, ки аз соли 1970 дар дасти давлат аст, ташкил медиҳад. Захираи фосфоритҳо қариб 42 миллион тонна, истеҳсолаш тақрибан 2,1 миллион тонна (1979). Зироатҳои тропикӣ (нахли нордил, банан ва ғайра) парвариш мекунад. Ҳунарҳои дастӣ ва моҳидорӣ равнақ ёфтааст. Науру асосан фосфоритҳо, инчунин копра (мағзи нор- ҷил)-ро ба Австралия, Зеландияи Нав ва Япония экспорт мекунад. Аз хориҷа бошад, хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, таҷҳизот барои истеҳсоли фосфоритҳо ва молҳои саноатӣ меорад. Дар Науру як роҳи шоссеи дарозиаш 20 киллометр ҳаст. Парки автомобилиаш зиёда аз 2000 автомобилҳои сабукраву боркаш ва мотосиклҳо дорад. Воҳиди пул доллари австралиягӣ.

Таълими бачаҳои 6—17 сола ҳатмист. Соли таҳсили 1975/76 дар 3 мактаби ибтидоӣ 1,5 ҳазор нафар, дар 2 мактаби миёна тақрибан 500 нафар талаба мехонд. Наура соли 1798 кашф карда шудааст. Соли 1888 Германия аннексия карда, Науруро ба як қисми протекто­рати Гвинеяи Нав табдил дод. Дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳон онро қӯшунҳои Австралия ишғол намуданд (1914). Баъди ҷанг Науру территорияи зеримандатии Британияи Кабир, Зе­ландияи Нав ва Иттифоқи Австра­лия шуд. Солҳои 1942—45 онро Япо­ния истило карда буд. Дар солҳои 50 дар мамлакат мубориза барои истиқлолият авҷ гирифт. Соли 1966 мамлакат ба ҳуқуқи худидоракунӣ соҳиб шуд. Аз 1968 Науру давлати мустақил — Республикаи Науру эълон гардид.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …