РЕШАХОНА, каллус (аз лотинӣ са11из — пӯсти ғафс, пина), 1) бофтаест, ки дар ҷои захмдори растаниҳо (ҷои кафида ё бурида, ҷои васли пайвандшаванда ва пайвандкунанда ва ғайра) ҳосил мешавад. Решахона аз ҳуҷайраҳои девораашон тунуки паренхимӣ иборат буда; дар натиҷаи тақсимшавии ҳуҷайраҳои бофтаҳои зиндаи растаниҳо (камбий, флоэма ва ғайра) ба вуҷуд меояд.
Дар Решахона аксаран решаҳои иловагӣ ва муғҷа (махсусан дар вақти қаламчакунӣ) ҳосил мешаванд. 2) Танаи пинадор, ғуншавии каллозҳо (полисахаридҳои дар об ҳалнашаванда) -ест, ки ҳангоми пир шудани найчаҳои элакшакл сӯрохиҳои лавҳачаҳои элакшаклро руст мекунанд.