Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕНТГЕНОЛОГИЯ

РЕНТГЕНОЛОГИЯ

rentgenologiya

РЕНТГЕНОЛОГИЯ (аз номи олими немис В. К. Рентген ва …логил), илм дар бораи истифодабарии шуоъҳои рентгенӣ дар тиб ва хоҷагии халқ. Рентгенология баробари кашфи шуои рентгенӣ (1895) ба вуҷуд омада, зуд ба илми мустақил мубаддал гардид. Инкишофи Рентгенологияи тиббӣ ба тараққиёти радиологияи тиббӣ алоқаи зич дорад. Усули рентгенологӣ яке аз муҳимтарин усулҳои ташхиси бемориҳо ба шумор меравад. Рентгенологияи тиббӣ ба се фасл ҷудо мешавад:    рентгенотехника, рентгенодиагиостика ва рентгеноте- рапия. Рентгенотехника хосиятҳои физикию техникии шуоъҳои рентгенӣ, инчунин усулҳои ҳисоббарорӣ, сохтану истеҳсол кардан ва истифода бурдани аппаратҳои рентгенӣ ва таҷҳизоти ёрирасонро ме- омӯзад. Тараққиёти ин соҳаи Рентгенология  дар нимаи дуюми асри 20 дар натиҷаи ба вуҷуд омадани асбобҳои электронию оптикии қувватдиҳандаи тасвири рентгенӣ, рентгенотелевизион, сабти видеомагнитӣ вобаста аст. Р е нт генодиагиостика дар асоси маълумоти тадқиқоти рентгенологӣ беморӣ ва ҷойҳои осебдидаи баданро муайян мекунад. Маълумоти рентгенологӣ дар амалияи тиб барои маълум намудани ҷой, ҳаҷм ва хислати тағйироти анатомии беморӣ ва ғайра заруранд. Дар айни замон дар рентгенодиагностика соҳаҳои тахассуси Рентгенологияи бачагона, рентгенокардиология, рентгенопулмонология, рентгеио- гастроэнтерология ва ғ. ба вуҷуд омацанд. Рентгенотерапия (ё рентгентшифоӣ) яке аз усулҳои му- олиҷаи шуоии бемориҳо мебошад. Ин усул барои табобати омосҳое, ки дар қисмҳои дарунтар ва дастнораси бадан ҷойгиранд, дар навбати аввал омосҳои шуш, сурхрӯда, меъда, миёнадевори қафаси сина, бачадон, гипофиз (зоиди майна) ва ғайра эътимоднок аст.

Калонтарии марказҳои Рентгенология дар Союз Советских Социалистических Республик СССР Институти тадқиқоти илмии радиология ва рентгенологияи Вазорати нигаҳдории тандурустии Союз Советских Социалистических Республик СССР (Ленинград), Институти тадқиқоти илмии онкологияи рентгенологии Академияи ИлмҳоиТоҷикистон Союз Советских Социалистических Республик СССР (Москва), Институти радиологияи тиббии Академияи ИлмҳоиТоҷикистон  Союз Советских Социалистических Республик СССР (Москва) мебошанд. Мақолаҳо доир ба Рентгенология  дар журналҳои «Вестник рентгенологии и радиологии» (Москва), «Медицинская радиология» (Москва) ва ғайра чоп мешаванд. Рентгенологҳои советӣ дар Ҷамъияти умумииттифоқии илмӣ (аз соли 1919) муттаҳид шудаанд.

Инкишофи Рентгенология  дар Тоҷикистон дар охири солҳои 20 ва- 30 баъди бо аппаратҳои рентгенӣ ҷиҳозонидани муассисаҳои табобатии шаҳрҳои Душанбе, Ленинобод, Қӯрғонтеппа ва Исфара оғоз ёфт. Соли 1936 барои координатсияи ёрии рентгенологӣ ва тайёр кардани кадрҳо маркази рентгенологӣ ташкил карда шуд. Аз соли 1957 дар факултети табобатии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон Рентгенологияро чун предмети таълимӣ меомӯзанд. Аз соли 1936 Ҷамъияти илмии республикавии рентгенологҳо ва радиологҳо амал мекунад.

Адабиёт: Мухиддинов Б. Н.. Нурҳои рентгенӣ, Душанбе, 1965. В. Н. Муҳиддинов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …