Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕГЕНЕРАСИЯ

РЕГЕНЕРАСИЯ

РЕГЕНЕРАСИЯ, дар забоншиносӣ, бо таъсири омилҳои иҷтимоӣ эҳё гардидани архаизмзро, мазмунан нав шудани калимаву истилоҳи шаклан кӯҳна. Регенерасия як воситаи такомули лексика мебошад. Ин ҳодиса пайваста ба зарурати номгузории падидаҳои нави илмӣ, техникӣ, саноатӣ ва маданӣ пайдо шудааст. Сабабҳои дигари Регенерасия тамоюли мӯҷазбаёни, инчунин ривоҷи таъсири забони русӣ ва ғайра мебошад. Истеъмоли калимоти басит ва пурмазмуну тобишноки архаистӣ барои ифодаи мафҳумҳои нав таркиби луғавии забонро мазмунаи ғанӣ мегардонад. Регенерасияи архаизмҳоро адибону олимон бо мулоҳизаҳои услубӣ низ ба кор мебаранд. Ҳангоми Регенерасия  баъзе архаизмҳо мазмуни нави истилоҳӣ пайдо карда, тобишҳои маъноии собиқашонро гум меку-нанд. Дар ин маврид калимаи эҳёгардида доираи истеъмолашро васеъ менамояд. Масалан, калимаи «ҷамоа»; ки худ иқтибоси арабӣ буда, аслан ташкилоти динии мусулмонист, дар давраи советӣ маънои нави истилоҳӣ пайдо кард (совети ҷамоа, раиси ҷамоа, идораи ҷамоа ва ғайра); калимаи қотиб» ба маъноҳои кӯҳнашудан он «мирзо», «муншӣ» ҳоло истеъмол намешавад. Аз солҳои 20 ба ин тараф калимаи мазкур аҳамияти иҷтимоӣ пайдо кард ва ба фонди истило-ҳоти иҷтимоию сиёсӣ ва илмию техникӣ дохил гардида, дар шаклҳои котиби масъул, котиби генералӣ, котиби райком, котиби ҷамоа, котиби дуюм, котиби илмӣ, котиб-машинистка ва ғайра истеъмол мешавад. Регенерасия  сабаби комилан фаромӯш шудани маънои собиқи архаистӣ низ мегардад. Масалан, калимаи раис, ки иқтибоси арабист, ба маънои кӯҳнааш мансаби диниро ифода мекард. Ҳоло чун воҳиди архаистии эҳёшуда серистеъмол аст. Гарчанде истифодаи бо-мавриди Регенерасияи архаизмҳо забонро пуробуранг менамояд, вале суиистеъмоли он ба просесси инкишофи миқдорию сифатии лексикаи забон халал мерасонад.

Адабиёт: Бердыевв Т., Тенденции развития лексики таджикского языка советского периода, Душанбе, 1982.

Т. Бердиева.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …