РЕФРАКТОР, дар астрономия, телескоперо номанд, ки дар он тасвири ҷирмҳои мунир (Офтоб, ситораҳо ва ғайра) тавассути инкисори шуоъҳои рӯшноӣ дар объективи линзавӣ ҳосил мешавад (нигаред, нақша). Бори аввал Г. Галилей (1609) истифода бурдааст.
Барои ҳосил кардани тасвироти хушсифат дар Рефрактор шишаҳои махсусро истифода мебаранд ва миқдори линзаҳоро зиёд мекунанд. Калонтарин дар ҷаҳон Рефрактор дар Расадхонаи астрономид Йерк (Штатҳои Муттаҳидаи Америка) амал мекунад; диаметри объективаш 1 метр аст.