Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / РЕАЛИЗМ дар адабиёт

РЕАЛИЗМ дар адабиёт

РЕАЛИЗМ дар а д а б и ё т ва с а н ъ а т, методи эҷодист, ки воқеиятро тавассути образҳо, воситаҳои тасвир, типӣ ва фардӣ гардонидани рӯйдодҳои ҳаёт ҳаққонӣ инъикос менамояд. Дар назарияи марксистӣ-ленинии санъат оид ба Реализм ақидаи ягонае, ки мазмуну вусъати ин мафҳумро фаро мегирифта бошад, вуҷуд надорад. Аз байни андешаҳои гуногуне, ки доир ба Реализм ба миён омадаанд, ду консепсияи асосиро ҷудо кардан мумкин аст. Консеп-сияи якум дараҷаи Реализми асар ва эҷодиёти бадоии давраи муайянро ба тарзи муносибати санъаткор ба ҳаёт, дарки бадеии масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ вобаста медонад.

Аз ин рӯ Реализм методи эҷодиест, ки дар давраҳои гуногуни инкишофи адабиёт ва санъат аз шаклҳои соддаву номукаммал ба шаклҳои мураккабу комил расидааст. Мувофиқи ин консепсия, ки ба санъати нафиса асос ёфтааст, Реализм» хусусияти табиии санъат буда, ба тамоми тамоюлот ва падидаҳои эҷоди бадеӣ хос аст.

sher

Аз рӯи консепсияи дуюм Реализм  шакли таърихан ва нисбатан конкрети тафаккури бадеист. Ин консепсия ба баҳои Энгелс: «…Реализм, ғайр аз тасвири ҳаққонии ҷузъиёт, тасвири ҳаққонии характерҳои типиро дар вазъиятҳои типӣ дар назар дорад» (Карл Маркс и Фридрих Энгелс об искусстве, том 1, Москва, 1957, страница 60) пурра мувофиқ меояд. Муҳимтарин принсипи эстетикии Реализм инъикоси ҳаққонии воқеият аст. Инъикоси воқеият бар хилофи тасвири шартию муҷаррад ва рамзию маҷозӣ, ки ба методҳои бадеии (нигаред, Методи бадеӣ) класситсизм, романтизм, символизм хос аст ва тасвири натуралистии ҷузъиёт (нигаред, Натурализм) фаҳмида мешавад. Вале Реализм  як навъ қолаби тағйирнопазире нест. Шаклҳои баркамоли Реализм (масалан, Реализми танқидӣ ва Реализми сотсиалистӣ) ғайр аз инъикоси ҳаёт «дар шаклҳои ҳаёт» дар мавридҳои мувофиқ асотир, рамзу маҷоз ва ривояту афсонаҳоро низ дар бар мегирад. Реализм  офаридани типҳоеро (нигаред, Тип) тақозо мекунад, ки дар айни замон фардҳои муайяни иҷтимоӣ бошанд. Аз ин рӯ ба шаклҳои баркамоли Реализм типӣ ва фардӣ гардонидани характерҳо хос мебошад. Инъикоси объективии ҳақиқати ҳаёт яке аз принсипҳои хоси Реализм буда, на танҳо монандии зоҳирии предмети тасвирро бо воқеаҳои зиндагӣ, балки ҳаққонияти идрок ва инъикоси моҳияти ҳаёт, аҳамияти иҷтимоии ғояи асарро низ ба эътибор мегирад. Санъаткори реалист бо қайду шарҳи руйдодҳои зиндагӣ қаноат накарда, ба онҳо аз мавқеъ ва ҷаҳонбинии муайян наздик мешавад. Бинобар он асосҳои синфият ва халқияти эҷодиёти санъ-аткорони барҷастаю реалист барқарор аст. Дар адабиёти реалистӣ муносибатҳои мураккаби иҷтимоии инсон, ҷаҳони маънавии ӯ, характерҳои барҷаста, таъсир ва муносибатҳои мутақобилаи вазъияту характерҳои типӣ инъикос мешаванд. Адабиёти реалистӣ конфликтҳои амиқи ҳаётӣ дошта, воқеияти пур аз тазодҳои маишӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоиро ба тасвир мегирад, ҳаётро дар мусодамаҳои драматикӣ, бо падидаҳои фоҷиавию мазҳакавии он нишон медиҳад. Ҳақиқати ҳаёт дар осори реалистони ҳақиқӣ пайваста бо муҳаббат нисбат ба инсон, ҳамдардӣ ба ғаму андӯҳ ва бадбахтиҳои ӯ намудор мегардад.

Яке аз омилҳои муҳиме, ки Реализмро ҳамчун метод муайян мекунад, услуби асар аст. Аз ин ҷо забони нависандаи реалист манзараи забони адабии замони ӯ ва забони ҳар яке аз персонажҳои асараш забони гуфтугӯии муҳити онҳоро бо тамоми нозукиву тобишҳояш ҷилвагар мекунад. Асрҳои зиёде мафҳуми ҳақиқати ҳаёт ба принсипҳое, ки минбаъд хоси методи Реализм гардиданд, му-вофиқат намекард. Тақрибан то асри 18— ибтидои асри 19 сюжети эпос ва драмаи адабиёти ҷаҳон дар асоси асотири атиқӣ, ривоёти китобҳои динӣ, афсонаҳои асримиёнагӣ инкишоф меёфт. Ҳатто воқеаҳои таърихи гузашта дар сабки асотиру ривоёти афсонавӣ нақл мешуданд. «Иллиада» ва «Одиссея»-и Гомер, «Шоҳ Эдип»-и Софокл, «Ифигения дар Авлида»-и Еврипид, «Маҳабҳа-рата», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, достонҳои Низомӣ, «Палангинапӯш»-и Руставели, «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте, ҳарчанд дар тасвири қаҳрамонон ва шароиту вазъияти амалиёти онҳо аз унсурҳои реалӣ орӣ нестанд, ва-ле аз рӯи принсипҳои тасвир онҳоро ба Реализм мансуб донистан раво нест. Дар лирика мабдаи романтикӣ мавқеи асосӣ дошт.

Дар адабиёт ва санъати давраи Эҳё (Эҳёи Ғарб) назари санъат-корон на ба воқеоти ҳаррӯзаи зиндагӣ, балки ба ҷамъбасту хулосаҳои фалсафию бадеии дорои характери умумибашарӣ ҷалб мешуд. (Бок~ каччо, Чосер). Сюжетҳои қадима мазмуни нав гирифта, барои ифо-даи идеалҳои гуманизм хизмат карданд (Шекспир). Аз нависандагони давраи классисизм аз ҳама бештар Молер ба воқеияти замони худ наздик омада, типҳои барҷастаи иҷтимоиву ахлоқӣ офарид ва асосҳои аввалини реализми маорифпарварии асри 18-ро ба миён овард. Дар давраи маорифпарварӣ намунаҳои барҷастаи санъати тасвирӣ низ ба вуҷуд омаданд (осори Ж. Б. С. Шарден, Ж. Б. Грёэ, Ж. А. Гудон дар Франсия, У. Ҳогарт дар Англия, Д. Н. Ходовеский дар Германия). Романтизми охири асри 18— ибтидои асри 19-и Ғарб воқеоти ғайриоддиро аз нав предмети тасвир қарор дода, адабиётро аз воқеият дур бурд. Вале романтизм бо тасвироти эмосионалии пурэҳтиросаш ҷаҳони ботинии инсонро ошкор карда, дар ташаккули Реализми асри 19 роли муҳим бозид. Реализми танқидӣ, ки методи асосии эҷодиёти нависандагони барҷастаи асри 19 буд, бо романтизм пайвастагии қавӣ дошт. Вале Реализм ба ҳаёти иҷтимоии давр амиқтар назар дӯхта, ташаккули характерҳо, психологияи инсомро вобаста ба муҳит дақиқтар ба тасвир гирифт. Степдал, Г. Флобер, О. Балзак, Ч. Диккенс, Н. В. Гогол манзараҳои ҳаёти ҷамъияти буржуазиро бо тамоми фисқу фасод, риёву макр ва ахлоқи вайронаш инъикос карданд. Нимаи дуюми асри 19 дар эҷодиёти Лев  Николаевич Толстой, Антон  Павлович Чехов, Федор М. Достоевский, И. С. Тургенев реализми танқидӣ ғояҳои баланди инсондӯстӣ ва гуманизми олиро доро шуд. Ин ҷиҳати эҷодиёти онҳо охири асри 19— ибтидои асри 20 дар осори Максим Горкий ва Р. Роллан вусъат гирифт. Реализм дар замони ҳозира методи пешбарандаи адабиёт ва санъати прогрессивии ҷаҳон гардидааст.

Агар назарияи Реализм  бар дастовардҳои адабиёти Ғарб ва рус асос ёфта бошад, махсусиятҳои ташаккуля методи Реализм дар адабиётҳои Шарқ то имрӯз ба дараҷаи зарурӣ тадқиқ нашудааст. Унсурҳои Реализм  дар адабиёти Шарқ низ дар тӯли асрҳои зиёд та-шаккул ва инкишоф ёфтаанд. Дар адабиётҳои Япония ва Хитой оғози ташаккули Реализм  ба пайдоиши унсурҳои капитализм дар ин мамлакатҳо вобаста дониста шудааст (Н. И. Конрад). Дар ин адабиётҳо ва адабиётҳои мутараққии Шарқ, аз ҷумла дар адабиёти Эрон, Ҳиндустон ва адабиётҳои Шарқи Советӣ аз нимаи асри19 реализми маорифпарварӣ ва дар қисме аз ин адабиётҳо (гурҷӣ, озарбойҷонӣ, арманӣ) охири асри 19—аввали асри 20 реализми танқидӣ шакл гирифт. Дар адабиётҳои Шарқи хориҷӣ, аз ҷумла дар адабиёти Япония, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, махсусан дар наср реализми танқидӣ ба методи асосии эҷодиёти нависандагони прогрессивӣ табдил ёфтааст.

Адабиёти классикии форс-тоҷик бар методи романтизм асос ёфта буд. Вале дар эҷодиёти намояндагони барҷастаи он ҷанбаи реалистӣ ва унсурҳои Реализм  низ мавқеи намоён доштанд. Дар осори боқимондаи Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, ки асосан аз лирика иборат аст, унсурҳои Реализмро дар тасвирҳои реалии ҳолатҳои конкрети ҳаётӣ, ифодаи ҳиссиёти муайяни фарди иҷтимоӣ дидан мумкин аст. Бо вуҷуди ин дар лирикаи ишқӣ ва маҳрамонаи шоирони асри 10 қаҳрамони лирикӣ ва мухотаб (аксар маъшуқа) ва дар ашъори мадеҳавии онҳо мамдӯҳ дорои характери идеалӣ мебошад. Дар ин шеърҳо тасвиру рӯҳи романтикӣ бар ҷанбаи реалистиву воқеӣ тасаллут дорад. Вале дар лирикаи иҷтимоии асри 10 то андозае шахсияти дорои характери реалӣ ба тасвир омадааст. Тарзи тасвири шахсият низ дар шеъри ин давра ба Реализм  наздик аст. «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, ки асари романтикии қаҳрамонӣ буда, қисми зиёдаш аз асотир омадааст, низ аз унсурҳову тамоюлоти реа-листӣ саршор мебошад. «Дар образҳо, дар қисматҳои муфассали саргузаштӣ», «…дар таваҷҷуҳи шоир нисбат ба ҷузъиёти маишат, тафсилоти мухтасар, дар истифодаи ташбеҳоту тавсифоте, ки аксарашон асоси ҳаётӣ ва халқӣ доранд, низ майли Фирдавсӣ ба тасвири аниқи реалистӣ зоҳир гардидааст  (X. А. Стариков, Фирдоуси и его поэна «Шахнаме». Дар кит.:      Фирдоуси, Шахнаме, том I, Москва, 1957, страница 556). Дар «Шоҳнома» монологу диалогҳое, ки барои пурратар ва барҷастатар нишон додани характер, психология ва дунёи ботинни қаҳрамонон омадаанд, ниҳоят бисёранд ва тамоюли реалистии асарро пурзӯр мекунанд. Шахсияти Рустами Достон дар «Шоҳнома» на танҳо бо ҷангу корномаҳои фавқулоддаи ӯ, инчунин дар муколама ва мулоҳизаҳояш низ ошкор мегардад. Қисми «Хашм гирифтани Ковус бар Рустам» аз достони «Рустам ва Сӯҳроб» далели ин фикр аст. Дар ин қисм шахсияти Рустаму Ковус на аз нақли шоир, балки зимни инкишофи фабулаи достон зуҳур карда, дар рафтору гуфтори онҳо ифода мешавад, ки ин бешубҳа, аз унсурҳои Реализми «Шоҳнома» аст. Дар «Шоҳнома» унсурҳои тасвири вазъиятҳои типӣ (масалан, вазъи Рустам баъди захми корӣ задан бар Сӯҳроб), шахсиятҳои мураккаб, аз қабили Пирон, Сиёвуш, Гуштосп, Гургин, Моҳуи Сурӣ ва ғайра бисёранд, ки аз тамоюлоти реалистии асар гувоҳӣ медиҳанд. Дар достонҳои лирикию эпикии Низомӣ ва Хусрави Деҳлавӣ унсурҳои Реализм дар тааммуқи психологизм, тасвири саҳ-наҳои зиндагии давр ва ҷузъиёти маишӣ зоҳир мегардад. «Гулистон», «Бӯстон» ва ғазалиёти Саъдӣ асоси мӯътамади воқеӣ доранд ва ӯро ҳамчун адиби «вуқӯъгӯй» (Айнӣ) маъруф гардонидаанд. Ҳофиз дар баъзе аз ғазалиёташ нуқсонҳои замонашро бо хитобаҳои пуралам фош намудааст («Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам»), ки ба тасвири ҳақиқати ҳаёт наздиканд.

Минбаъд улсурқоиРеализм  дар адабиёти шаҳр ва доираҳои ҳунармандӣ, махсусан дар эҷодиёти Сайидои Насафӣ инкишоф ёфта, бештар дар тасвири ҷузъиёти рӯзгору маишати аҳли ҳунар зоҳир мегардад. Дар адабиёти асри 19 махсусан дар эҷодиётя Аҳмади Дониш реализми маорифпарварӣ шакл гирифта, анъанаҳои он дар назму наср то солҳои 30 асри 20 идома ёфт. Инкишофи Реализм дар тамоми давраҳои таҳаввули адабиёти тоҷик бо ҷиҳатҳои халқият, руҳи гуманистӣ робитаи зич дорад.

 

Дар ташаккули методи Реализм дар адабиёти советии тоҷик таъсири адабиёти рус ва махсусан эҷодиёти Антон Чехов, Лев Толстой, Максим Горкий ниҳоят калон аст. Дар адабиёти тоҷик чун дар аксари адабиётҳои Осиёи Миёна реализми танқидӣ пурра шакл нагирифт, ҳарчанд баъзе унсурҳои он дар реализми маорифпарвари зоҳир гардид. Баъди ғалабаи Револютсияи  Кабири  Сотсиалистии Октябр адабиёти советии тоҷик асосан бо методи реализми сотсиалистӣ инкишоф ёфт.

Адабиёт: Маркс Карл и Энгелс Фридрих, Об искӯсстве. Сборник статей, 3 издание, том I—2, Москва, 1067; Ленин Владимир Илич. 0 литературе и искустве Сборник статей, Москва, 1969; Шодиқулов Қ., Реализми танқидӣ, Душанбе, 1970; Б ел и н с к и й В. Г., Полное собрание сочинений в 10 томах, Москва, 1953—56; Д н е п р о в В., Проблемы реализма, Ленинград, 1960; П е т р о в С. М., Реализм, Москва, 1964; Проблемы становления реализма в литературах Востока, Моква, 1964; Конрад Н. И., Запад и Восток, Москва 1972; Гаджиев А„ Романтизм и реализм, Баку, 1972; ҳ а м о н  м у а л лиф Реализм в литературах Советского Востока, Баку, 1978; Проблемы реализма в литературах народов Советского Востока, Баку, 1974; Н и к о л ае в П. А„ Реализм как творческий метод, Москва„ 1975; Истоки, формирование и развития реализма в литературах советского Востока, Ташкент, 1976; Анисимов И. Н„ Современные проблемы реализма, Москва„ 1977.

А. Абдуманнонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …