Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РЕСПУБЛИКАИ ДЕМОКРАТИИ ГЕРМАНИЯ

РЕСПУБЛИКАИ ДЕМОКРАТИИ ГЕРМАНИЯ

РЕСПУБЛИКАИ  ДЕМОКРАТИИ  ГЕРМАНИЯ (Оеи1зсЬе БетокгаизсЬе НериЬНк), Республикаи  Демократии  Германия (БрК) — давлатест дар Европаи Маркази. Дар Ғарб бо Республикаи Федеративии  Германия , дар Ҷануби Шарқ бо Чехословакия ва дар Шарқ бо Полша ҳамсарҳад буда, дар Шимол онро баҳри Балтика иҳота кардааст. Масоҳаташ 108,2 ҳазор километр2. Аҳолиаш 16,702 ҳазор нафар (1983). Пойтахташ шаҳри Берлин. Территорияи Республикаи  Демократии  Германия  аз ҷиҳати маъмурӣ ба 15 округ тақсим шудааст.

germany

Сохти давлатӣ. Республикаи  Демократии  Германия РДГ — республикаи социалистӣ. Конститутсияи ҳозирааш соли 1968 қабул шудааст. Тамоми ҳокимияти сиёсии Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар дасти халқ аст. Органи олии ҳокимияти давлатӣ Палатаи халқӣ мебошад. Ҳамаи партияҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои калонтарини ҷамъиятии Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар Палатаи халқӣ намоянда доранд. Палатаи халқӣ ба қабул кардани конститутсия ва қонунҳо пурра ваколатдор буда, раис ва аъзоёни Совети давлатӣ, раис ва аъзоёни ҳукумат (Совети Вазирон), раиси Совети мудофиаи миллӣ, аъзоёни Суди олӣ, Прокурори генералиро интихоб мекунад. Органи олии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳукумат (Совети Вазирон) аст. Органи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар округҳо, районҳо, шаҳрҳо ва обшинаҳо намояндагии халқӣ аст, ки онро гражданҳои дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ интихоб мекунанд. Ҳар як намояндагии халқӣ органҳои иҷроияи худ — советҳо ва комиссияҳоро ташкил менамоянд. Системаи суди Республикаи  Демократии  Германия РДГ аз Суди олӣ, округӣ, районӣ ва судҳои ҷамъиятӣ иборат аст. Риояи қонунияти сотсиалистиро прокуратура бо роҳбарии Прокурори генералии Республикаи  Демократии  Германия РДГ назорат мекунад.

Табиат. Территорияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар минтақаи мӯътадили қисми марказии Европаи Миёна ҷой гирифтааст. Республикаи  Демократии  Германия РДГ як қатор ҷазираҳо дорад, ки калонтаринашон Рюген, Уездом (қисми ғарбиаш). ва Пёл мебошанд. Қисми зиёди территорияи шимолии мамлакатро ҳамвории Европаи Миёна (баландиаш то 150—200 метр) ишғол кардааст. Дар қисми ҷанубии мамлакат кӯҳҳои начандон баланд мавҷуданд, ки онҳоро дарёҳо бурида гузаштаанд; дар Ғарб қисми ҷану5ии кӯҳи Гарс, дар Ҷануби Ғарб бешаи Тюринген, дар Ҷануб нишебии шимолии кӯҳҳои Маъдин (кӯҳи Фихтелберг —1213 метр, баландтарин дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ) воқеъ гаштаанд. Сарватҳои зеризаминӣ: ангишти бӯр, намакҳои калий, варақсанг, газ, нефт, сурб, руҳ, оҳан, маъдани уран. Иқлимаш мӯътадил, дар Шимол ва шимоли ғарби Республикаи  Демократии  Германия РДГ — баҳрист, иқлими ноҳияҳои боқимонда аз баҳри ба континентӣ табдилёбанда аст. Ҳарорати миёнаи январ дар Шимол аз —0,1*Селсия то 0,6*Селсия, дар Шарқ то —1,5°Селсия, дар ноҳияҳои кӯҳии ҷанубӣ —4, —5*Селсия, дар ноҳияҳои назди соҳил: июл 16—17°Селсия, дар қисми марказии мамлакат аз 17,5*Селсия то 18,5*Селсия, дар кӯҳҳо 15—16вСелсия. Боришоти солона дар Шимол 525— 650 миллиметр, дар Шарқ ва аксари территорияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ 480—610 миллиметр, дар кӯҳҳо 900—1100 миллиметр. Қисми зиёди территорияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ ба ҳавзаи дарёи Элба ва як қисми территорияи мамла- кат ба ҳавзаи дарёи Одер, қисми шимолиаш ба ҳавзаи баҳри Балтика, ғарбиаш ба ҳавзаи дарёи Везер ва қисми ҷануби ғарбиаш ба ҳавзаи дарёи Майн (шохоби Рейн) мансубанд. Шохобҳои калонтарини Элба: Хафел бо Шпре, Заале бо Вейсе-Элстер ва Унструт, Шварсе-Элстер, Мулде. Кӯлҳои калонтарин: Мюрис, Шверинер-Зе, Пла- уэр-Зе, Куммеровер-Зе. Хокаш асосан хокистарранг. Хоки соҳилҳои кӯли Мекленоург ва ҷануби ғарбии мамлакат — бӯру хокистарранг. Доманаи кӯҳҳои Гарс ва ҳамвории Тюрингия сиёҳхок мебошад. Дар Шимол коҷзорҳои калон мавҷуданд. Дар кӯҳҳо ҷангалҳои олаш, коҷ низ ҳастанд. Дар минтақаи кӯлҳои Мекленбург бешаҳои хурд-хурди олаш, коҷ бисёранд. Аксари ҳайвоноти Республикаи  Демократии  Германия РДГ бешагист (оҳу, хонгул, гуроз ва ғайра). Ширхӯрони майда низ бисёранд (заргӯш, муш, калламуш, харгӯши ваҳшӣ). Паррандаҳояш: гунҷишк, соч, эзорсурхак, куку, фароштурук, кабк, та- зарв, дуғдоғ, лаклак, турна ва ғайра. Дар кӯлу дарёҳо зағорамоҳӣ, шӯр- тан, гулмоҳӣ ва ғайра ҳастанд.

Аҳолӣ. Ҳайати миллии Республикаи  Демократии  Германия РДГ якхела аст; бештар аз 99% аҳолӣ немисҳо. Қисми ками аҳолии мамлакат лужиҳо (сорбҳо) мебошанд (қариб 100 ҳазор нафар), ки дар Шарқи мамлакат (округҳои Котбус ва Дрезден) истиқомат доранд. Аксарияти диндорон протестант буда, католикҳо нисбатан каманд. Зичии миёнаи аҳолӣ торафт меафзояд. Зичии аҳолӣ дар округи Нёйбранденбург ниҳоят кам (дар 1 километр2 59 кас), дар округи Карл- Маркс-Штадт хеле зиёд аст (дар 1 километр2 341 кас). Аҳолии шаҳр (якҷоя бо маҳалҳои аҳолинишине, ки аҳолиашон зиёда аз 2000 нафар) 74% аст. Шаҳрҳои калонтарин:            Берлин, Лейпсиг, Дрезден, Карл-Маркс- Штадт, Магдебург, Галле, Эрфурт, Росток. Шаҳрҳои Эйзенхюттенштадт, Галле-Нёйштадт навбунёданд.

Очерки таърихӣ. Ғалабаи оламшумули таърихии коалитсияи зиддигитлерӣ бар фашизми Германия дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45), ки дар он Иттифоқи Советӣ қувваи асосӣ буд, барои демократикунонии ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Германия шароити мусоид фароҳам овард. Синфи коргари немис якҷоя бо дигар таба- қаҳои меҳнаткашон ва бо роҳбарии Партияи ягонаи сотсиалистии Германия (ПЯСГ) дар мамлакат дигаргуниҳои куллии револютсионӣ ба амал овард. Фашизм ва милитаризм решакан карда шуда, тартиботи зиддифашистӣ ва демократӣ ҷорӣ гардид. Маъмурияти ҳарбии советӣ, ки дар ин мамлакат мувофиқи қарори Конференсияи Потсдам (1945) амал мекард, ба халқи немис дар бобати ба ҳаёт тадбиқ намудани ин дигаргуниҳо ҳамеша ёрии холисона мерасонд. Ҷинояткорони ҳарбӣ ва фашистони ашадӣ аз мансабҳояшон дур ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Партияи миллӣ — сотсиалистӣ бо та- моми ташкилотҳояш пароканда карда шуд. Тақрибан 9,3 ҳазор корхо- наҳои саноатӣ, ки ба монополияҳо, насистон ва ҷинояткорони ҳарбӣ тааллуқ доштанд, мусодира карда шуданд. Қариб тамоми роҳи оҳан миллӣ кунонида шуд, ба ҷои банкҳои капиталистӣ банкҳои халқӣ, ин- чунин муассисаҳои давлатӣ ва кооперативҳо ташкил шуданд. Дар иқ- тисодиёт сектори халқӣ ба вуҷуд омад. Дар хоҷагии қишлоқ ислоҳоти аграрӣ гузаронида шуд, ки он заминдории помешикию юнкёриро барҳам дод. Органҳои маҳаллии худидоракунӣ 3,3 миллион гектар замини 13,7 ҳазор хоҷагиҳоро мусодира намуда, 2,2 миллион гектар заминро ба деҳқонони безамин ва камзамин тақсим карда доданд, боқимонда замини мусодирашуда моликияти халқӣ гардид. Доираҳои ҳукмрони давлатҳои Ғарб бо буржуазияи калони Гарманияи Ғарбӣ, ки онҳоро пешвоёни рости сотсиал-демократҳо дастгирӣ мекарданд, забон як карда, хилофи қарори Конференсияи Потсдам роҳи аз нав ба вуҷуд овардани милитаризми Германияро пеш гирифтанд. Монополияҳои Германия ва ҳукумати оккупатсионии ғарб бар зидди қувваҳои демократӣ ва барои тақсими пурраи мамлакат муборизаро пурзӯр мекарданд. Ин ихтилофандозӣ боиси ташкил ёфтани давлати сепаратии — Республикаи Федеративии Германля (РФГ) гардид (сентябри 1949). Меҳнаткашони қисми шарқии Германия  7 октябри 1949 Республикаи Демократии Германияро эълон карданд. Совети халқии немис (марти 1948 Конгресси халқии немис ташкил намуд) ба Палатаи муваққатии халқӣ табдил дода шуд, ки он конститутсияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ-ро (лоиҳаашро солҳои 1948—49 халқ муҳокима карда маъқул донист) қабул кард. 11 октябри 1949 парламенти муваққатӣ В. Пикро пре- зиденти Республикаи  Демократии  Германия РДГ интихоб намуд. 12 октябри бо сардории 0. Гротеволь Ҳукумати муваққатии Республикаи  Демократии  Германия РДГ барпо карда шуд. Ташкили Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар ҳаёти халқи немис воқеаи муҳими таърихӣ, дар таърихи Германия гардиши куллие буд.

Барпо гардидани Республикаи  Демократии  Германия РДГ натиҷаи қонунии табаддулоти зиддифашистӣ- демократие буд; қувваҳои тараққипарвари халқи немис ҷавобан ба кӯшишҳои давлатҳои Ғарб ва қувваҳои иртиҷоии Германияи Ғарбӣ, ки мехостанд Германияро тақсим кунанд, Республикаи  Демократии  Германия РДГ-ро барпо намуд. Республикаи  Демократии  Германия РДГ беҳтарин анъанаҳои таърихии халқи немис, идеалҳои озодидӯстӣ ва со- тсиалистии фарзандони содиқи Германияро дар худ таҷассум намуд. Ҳукумати Советӣ вазифаи идоракунии мамлакатро, ки маъмурияти ҳарбии советӣ ба ӯҳда дошт, ба зиммаи Республикаи  Демократии  Германия РДГ гузошт. Соли 1949 Союз Советских Социалистических Республик СССР, Республикаи Халқии Хитой, Полша, Чехословакия, Венгрия, Руминия, Булғория, Албания, Республикаи Халқии Демократии Корея ва соли 1950 Республикаи Халқии Муғулистон Республикаи  Демократии  Германия РДГ-ро ба расмият шинохтанд ва бо он муносибатҳои дипломатӣ муқаррар намуданд; соли 1957 Югославия ва соли 1963 Куба бо Республикаи  Демократии  Германия РДГ муносибатҳои дипломатӣ муқаррар карданд. Баъди ташкили Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар мамлакат тартиботи зиддифашистӣ- демократӣ мустаҳкам шуда, просесси барпо намудани асосҳои ҷамъияти сотсиалистӣ оғоз ёфт. Ба Республикаи  Демократии  Германия РДГ лозим омад, ки пеш аз ҳама душвориҳои бо ҷудошавии мамлакат вобастаро бартараф намояд. Доираҳои ҳукмрони Республикаи  Федеративии  Германия РФГ ба Республикаи  Демократии  Германия РДГ фишори сахти сиёсию иқтисодӣ меоварданд, ба муқобили давлати ҷавон фаъолияти вайронкоронаро вусъат дода, муттасил иғвогариҳо ташкил менамуданд (масалан, балвои зиддиреволютсионии 17 июли 1953). Республикаи  Демократии  Германия РДГ аз манбаи ашёи хом маҳрум шуда буд. Конҳои асосии ангиштсанг, маъдани оҳан, металлҳои ранга дар ҳудуди Германияи Ғарбӣ монданд. Дар натиҷаи меҳнати фидокоронаи синфи коргар ҳамаи душвориҳо бартараф карда шуданд, плани дусолаи (1949—50) барқароркунӣ ва тараққиёти хоҷа- гии халқ пеш аз мӯҳлат иҷро гардид. Ёрии ҳаматарафаи Союз Советских Социалистических Республик СССР ва дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ барои пешрафти Республикаи  Демократии  Германия РДГ аҳамияти махсус дошт. Дар охири солҳои 50 сохти иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба куллӣ тағйир ёфт. Дар саноат, нақлиёт, савдо сектори сотсиалистӣ мавқев асосӣ дошт. Кооперативонии хоҷагии  қишлоқ бомуваффақият мегузашт. Дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ истисмори одам аз тарафи одам ва бекории меҳнаткашон тамоман барҳам хӯрд. Ягонагии сиёсию маънавии меҳнаткашон бо роҳбарии синфи коргар боз ҳам мустаҳкам шуд. Фронти миллии демократии Германия таҳти роҳбарии Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ тамоми партияҳои прогрессивӣ, ташкилотҳои ҷамъиятиро дар заминаи сулҳу амонӣ,  дигаргунсозиҳои демократӣ, сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ муттаҳид намуд. Дар натиҷаи тараққиёти босуръати хоҷагии халқ аҳволи моддии меҳнаткашон беҳтар гардид, шумораи беморхонаҳо, амбулаторияҳо, хонаҳои истироҳат, муассисаҳои бачагона афзуд. Бо мақсади беҳтар кардани кори органҳои давлатӣ ва ба идоракунии давлат ҷалб намудани доираи васеи оммаи меҳнаткашон як қатор чораҳо андешида шуданд. Сентябри 1960 аз ҷумлаи депутатҳои Палатаи халқӣ ва намояндагони Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ, партияҳои демократӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ Совети давлатӣ ташкил гардид. В. Улбрихт раиси он интихоб шуд (ҳамон вақт котиб» якуми Комитети Марказии Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ буд).

Аз нав мусаллаҳонидани Республикаи  Федеративии  Германия РФГ барои Республикаи  Демократии  Германия РДГ вазъияти ниҳоят хавфнок ба вуҷуд овард. Меҳнаткашони Республикаи  Демократии  Германия РДГ барои муҳофизати музаффариятҳои сотсиалистӣ чораҳои зарурӣ андешиданд. Бо ҳамин мақсад соли 1956 Армияи миллии халқӣ ташкил карда шуд. Барои таъмини манфиатҳои давлатии худ ва бехатарии дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ, инчунин пешгирӣ кардани фаъолияти вайронкоронаи Германияи Ғарбӣ Республикаи  Демократии  Германия РДГ бо ризоият ва дастгирии давлатҳои Шартномаи Варшава (1955) августи 1961 як қатор чораҳои зарурӣ андешид. Ин чорабиниҳо ба пурзӯр кардани муҳофизат ва назорати сарҳади байни Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Берлини Ғарбӣ нигаронида шуда, ба пешрафти минбаъдаи Республикаи  Демократии  Германия РДГ шароити мусоид фароҳам овард. Дар Съезди 6-уми Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ (январи 1963) Программаи Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ — программаи сохтмони пурарҷи ҷамъияти сотси- алистӣ қабул карда шуд. 6 апрели 1968 референдуми умумихалқӣ Конститутсияи нави сотсиалистии  Республикаи  Демократии  Германияро қабул кард. Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар сиёсати берунии худ кӯшиш менамояд, ки робитаҳои дӯстиро бо Союз Советских Социалистических Республик СССР ва дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ инкишоф диҳад ва мустаҳкамтар намояд. Шартномае, ки 20 сентябри 1955 ба имзо расидааст, муносибатҳои баробарҳуқуқии Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи  Демократии  Германия РДГ-ро аз ҷиҳати юридикӣ асоснок кард. Марти 1957 байни Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи  Демократии  Германия РДГ оид ба шартҳои дар территорияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ муваққатан нигоҳ доштани қӯшунҳои советӣ созишнома ба имзо ра- сид. Июни 1964 байни Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи  Демократии  Германия РДГ Шартномаи дӯстӣ, ёрию ҳамкорӣ баста шуд. Республикаи  Демократии  Германия РДГ тобистони 1950 бо Полша, Чехословакия, Венгрия, Булғория ва Руминия декларасияи дутарафа баст, ки ин қадами аввалини Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар сиёсати берунӣ буд. Мувофиқи декларасияи Варшава (6 июни 1950) доир ба сарҳади байни Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Республикаи Халқии Полша Шартномаи Згожелеский баста шуд. Декларатсияи Прага (1950) қайд намуд, ки дар байни Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Чехословакия масъалаҳои баҳснок нест ва ҳар ду тараф ба ҳамдигар даъвои территориявӣ надоранд. Соли 1957 дар байни Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Полша, Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Чехословакия, Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Венгрия, Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Булғория шартномаи дустӣ, ҳамкорӣ ва ёрии бай- ниҳамдигарӣ баста шуд. Ин шартномаҳо воситаи муҳими системаи ҳамкории бисёртарафа дар доираи Шартномаи Варшава гардиданд. Республикаи  Демократии  Германия РДГ аз сентябри 1955 аъзои Шартномаи Варшава, аз сентябри 1950 аъзои Совети ёрии байниҳамдигарии иқтисодӣ мебошад. Соли 1967 Шартномаҳои нави дутарафаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарии Республикаи  Демократии  Германия РДГ бо Республикаи Халқии Полша, Республикаи Сотсиалистии Чехославакия РСЧС, Республикаи Халқии Венгрия РХВ ва Республикаи Халқии Булғория РХБ ба имзо расид.

Мувофиқи нишондоди қарорҳои съездҳои 7-ум (1967) ва 8-уми (1971) Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ Республикаи  Демократии  Германия РДГ ба сохтмони ҷамъияти сотсиалистии мутараққӣ шурӯъ намуд. Республикаи Халқии РДГ ба иттифоқ ва дастгирии иттиҳоди мамлакатҳои сотсиалистӣ такя намуда, дар нимаи аввали солҳои 70 аз муҳосираи дипломатие, ки қувваҳои реаксияи байналхалқӣ ба вуҷуд оварда буданд, озод шуд. Июни соли 1973 Шартномаи оид ба асосҳои муносибати байни Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Республикаи Федеративии Германия расмӣ гардид. Сентябри 1973 Республикаи  Демократии  Германия РДГ аъзои комилҳуқуқи ТДМ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ шуд. Октябри 1974 ба конститутсияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ тағйирот ва иловаҳое дохил карда шуданд, ки муво-фиқи онҳо Республикаи  Демократии  Германия РДГ давлати сотсиалистии коргару деҳқон, ташкилоти сиёсии меҳнаткашони шаҳру деҳот дониста шуд. Дар Конститутсия (моддаи 6) гуфта шудааст, ки Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ бо риштаҳои дӯстӣ зич алоқаманд мебошанд. 7 октбяри 1975 дар Москва Шартномаи нави дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарии Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи  Демократии  Германия РДГ баста шуд. Съеади 9-уми Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ (1976) Программаи нави партияро қабул кард ва ба Устави партия тағйирот даровард. Партияи ягонаи сотсиалистии Германия,— гуфта мешавад дар Программа,— дар назди худ вазифа мегузорад, ки дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ сохтмони ҷамъияти мутараққии сотсиалистиро давом дода, ниҳоят барои гузаштан ба ҷамъияти коммунистӣ заминаи асосӣ ба вуҷуд оварда шавад.

Комёбиҳои Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар соҳаҳои иқтисодию сиёсӣ, муборизаи он барои сулҳ ва бехатарии Европа ба афзудани эътибор ва нуфузи вай дар корҳои байналхалқӣ ёрӣ мерасонанд. Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар охири 1983 бо 131 мамлакат муносибатҳои дипломатӣ дошт.

Партияҳоя сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳоя ҷамъиятӣ. Партияи ягонаи сотсиалистии Германия (ПЯСГ), соли 1946 дар натиҷаи дар асосҳои марксизм-ленинизм муттаҳид шудани Партияи коммунистӣ ва Партияи сотсиал-демократӣ ташкил ёфтааст. П а р т и яи либералӣ-демократии Германия (ПЛДГ), таъсисаш 1945. Иттифоқи христианӣ-демократӣ (ИХД), таъсисаш 1945. Партияи демократии деҳқонони Германия(ПДДГ), таъсисаш 1948. П а р т и я и миллӣ-демократии Германия (ПМДГ), таъсисаш 1948. Иттиҳоди иттифоқҳои касабаи озоди немис (ИОИКН), аъзои Федератсияи умумиҷаҳонии иттифоқҳои касаба. Иттифоқи ҷавонони озоди немис (ИОҶН). Иттифоқи демократии занони Германия (ИДЗГ), Кул-турбунди Республикаи  Демократии  Германия РДГ. Чамъияти дӯстии Германия ва Иттифоқи Советӣ.

Фронти миллии Республикаи  Демократии  Германия РДГ. Бо роҳбарии Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ ҳамаи партияҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои оммавии Республикаи  Демократии  Германия РДГ-ро муттаҳид мекунад.

Иқтисодиёт. Республикаи  Демократии  Германия РДГ мамлакати мутараққии индустриалист. Аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар қатори 10 мамлакати пешқадами индустриалӣ мебошад. 67% маҳсу-лоти умумии ҷамъиятиро саноат истеҳсол мекунад. Саноати Республикаи  Демократии  Германия РДГ аз се сектор иборат аст: сотсиалистӣ (корхонаҳои давлатӣ ва кооперативҳои истеҳсолии ҳунармандон); бо иштироки давлат; хусусӣ. Сектори сотсиалистӣ дар ҷои аввал меистад. Саноати мошинсозӣ ва коркарди металл, химия, электротехника ва электроника, оптика, саноати сабук нисбат ба дигар соҳаҳо бештар тараққӣ кардааст. Соли 1983 105 милиард килоВатт-соат қувваи электр, 278 миллион тонна ангишти бӯр, 2207 ҳазор тонна чӯян, 7219 ҳазро тонна пӯлод, 11782 ҳазор тонна семент, 150 ҳазор тонна нахи синтетикӣ, 19365 дастгоҳҳои металлбурӣ, 188 ҳазор мошини сабукрав истеҳсол карда шуд. Саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ бештар, хоҷагии қишлоқи Республикаи  Демократии  Германия РДГ аз он ҳам хубтар тараққӣ кардааст. Вай хуб механико-нида ва химиконида шудааст. Дар ихтиёри кооперативи истеҳсолии хоҷагии қишлоқ ва мулки халқӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои кооперативии растанипарварӣ 94,6% тамоми замини хоҷагии қишлоқ Республикаи  Демократии  Германия РДГ мебошад. Бештар ғалладона (зиёда аз 50% киштзор), инчунин картошка ва зироатҳои дигари кишт мешаванд. Аа зироатҳои техникӣ асосан лаблабуи қанд парвариш мекунанд. Дар ноҳияҳои атрофи шаҳр сабзавоткорӣ ва боғдорӣ ривоҷ ёфтаанд. Соли 1982 дар мамлакат (ба ҳисоби ҳазор тонна) ғалладона 10114, зироати равғандеҳ 318, картошка 7003, лаблабуи қанд 5438 истеҳсол карда шуд. Чорводорӣ тараққӣ кардааст; талаботи мамлакатро ба гӯшт, шир ва тухм пурра таъмин мекунад. Охири соли 1983 Республикаи  Демократии  Германия РДГ 5,7 миллион сар гов, 12,8 миллион сар хук, 2,3 миллион сар гӯсфанд, 26 миллион мурғ дошт. Моҳидорӣ асосан дар баҳри Балтика мавқеи калон дорад. На-қлиёти Республикаи  Демократии  Германия РДГ ниҳоят тараққӣ кардааст. Воситаи асосии боркашонии мамлакат нақлиёти роҳи оҳан мебошад. Тӯли роҳи оҳан 14,2 ҳазор километр. Дарозии роҳҳои автомобилгард 47,5 ҳазор километр. Нақлиёти обӣ ва ҳавоии дохилӣ низ тараққӣ кардааст. Республикаи  Демократии  Германия РДГ бо аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ дорад. Қисми зиёди савдои берунии Республикаи  Демократии  Германия РДГ ба саҳми мамлакатҳои сотсиалистӣ рост меояд. Шарики калонтарини савдои Республикаи  Демократии  Германия РДГ Иттифоқи Советӣ мебошад. Бештар дастгоҳҳои металлбурӣ, таҷҳизоти саноати химия, киштӣ, маҳсулоти саноати оптика, полиграфия, инчунин саноати сабук ва хӯроквориро экспорт мекунад. Аз хориҷа сӯзишворӣ, мошин ва таҷҳизот мегирад. Ҳаҷми маҳсулоти экспорт ва импорт қариб баро-бар аст. Республикаи  Демократии  Германия РДГ инчунин маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, хоҷагии қишллоқ, ва хоҷагии ҷангалро аз хориҷа мегирад. Воҳид и  п у л — маркаи Республикаи  Демократии  Германия РДГ.

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1970 дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ ба 1000 нафар аҳолӣ 13,9 таваллуд, 14,1 фавт ва ба 1000 кӯдаки навзод 18,8 фавт рост омад. Дарозни умри миёнаи мардон 67,8 сол ва занон 73,1 сол. Бемориҳои ғайрисироятӣ (асосан бемориҳои дилу раг ва саратон) паҳн шудаанд. Ба тамоми меҳнаткашон ва аъзоёни оилаашон ёрии тиббии бепул расонда мешавад. Соли 1970 дар мамлакат 626 беморхонаи дорои 190 ҳазор кат (11,1 кат ба 1000 кас) буд. 423 беморхонаи умумӣ (130,4 ҳазор кат), 111 клиникаи назди университетҳо ва академияҳои тиббӣ (18,7 ҳазор кат), дар назди 7 институти тадқиқоти илми стадионарҳо (921 кат) низ амал мекунанд. Соли 1970 ба аҳоли 452 поликлиника ва 828 амбулатория, 178 санаторияю хонаҳои истироҳатӣ (18, 2 ҳазор кат) хизмат ра-сонданд. Дар мамлакат 27,3 ҳазор (1 духтур ба 626 кас), 7,3 ҳазор духтури дандон, 2,9 ҳазор фармасевт, 245,1 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ кор мекунад (1970). Духтуронро 6 факултети тиббии университетҳо ва 3 академияи тиббӣ тайёр менамоянд.

Маориф, муассисаҳои маданию маърифатӣ ва илмӣ. Системаи маорифи халқи Республикаи  Демократии  Германия РДГ ба қонуни системаи ягонагии сотсиалистии маориф, ки соли 1965 қабул гардидааст, асос меёбад. Соли 1969 дар яслӣ ва боғчаҳои бачагон 758,7 ҳазоркӯдак тарбия ёфт. Соли таҳсили 1970/71 дар мактабҳои миёнаи 10-сола 2,5 миллион талаба таҳсил мекард. Дар асоси мак-табҳои миёнаи 10-сола мактабҳои миёнаи маълумоти умумии 2-сола амал мекунанд, ки онҳо ба мактабҳои олӣ дохилшавандагонро тайёр менамоянд. Дар асоси мактабҳои миёнаи 10-сола мактабҳои касбии 2-сола дониши касбӣ медиҳанд. Барои як қисми хонандагоне, ки баъди хатми синфи 8 аз мактаби миёна мераванд, мӯҳлати таҳсил дар мак-табҳои касбӣ 3 сол мебошад. Бисёр мактабҳои касбӣ баробари дипломи коргари ихтисоснок номаи камол ҳам медиҳанд. Соли таҳсили 1970/71 дар тамоми мактабҳои касбӣ қариб 430,9 ҳазор талаба мехонд. Мутахассисони системаи маорифи халқ дар заминаи мактабҳои миёнаи 10-сола тайёр карда мешаванд. Омузишгоҳи педагогии 2-сола мураббияҳои боғчаи бачагон, институтҳои 3—4-сола муаллимони синфи ибтидоии мактаби миёнаро тайёр менамоянд. Соли таҳсили 1969/70 дар омӯзишгоҳҳои миёнаи педагогӣ қариб 25 ҳазор талаба мехонд. Муаллимони соҳавии синфҳои 5— 12-ро мактабҳои олӣ тайёр мекунанд. Соли таҳсили 1970/71 дар 54 мактаби олии мамлакат 138,7 ҳазор студент мехонд. Мактабҳои олии ка-лонтарин: Университети ба номи Гумболдт дар Берлин, Университети ба номи Карл Маркс дар Лейпсиг (таъсисаш соли 1409). Университети ба номи Ф. Шиллер дар Йен (таъсисаш соли 1557), Университет дар Росток (таъсисаш соли 1419), Университети ба номи Э. М. Арндт дар Грейфсвалд (таъсисаш соли 1456) ва ғайра. Китобхонаҳои калонтарин: Китобхонаи давлатии немис дар Берлин (таъсисаш 1661), китобхонаи Университети Берлин (таъсисаш 1831), Китобхонаи немис (таъсисаш 1912) ва китобхонаи Университети ба номи Карл Маркс (таъсисаш 1543) дар Лейпсиг. Музейҳо:        Музеи давлатӣ (таъсисаш 1830), Музеи таърихи немис дар Берлин, Музеи бадеии Берлин Республикаи  Демократии  Германия (РДГ), Нигористони Дрезден (таъсисаш 1560), Музеи миллии адабиёти классикии немис дар Веймар, Музеи таърихи ҳаракати коргарӣ дар Германия ва Музеи китобҳо дар Лейпсиг, Музеи ёдгории хотираи шаҳидони фашизм дар Бухенвалд ва ғайра. Дар территорияи ҳозираи Республикаи  Демократии  Германия РДГ баъди ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) муассисаҳои илмие, ки бо тадқиқоти илмҳои табиӣ ва техникӣ машғул бошанд, кам буданд. Бисёр муассисаҳои тадқиқоти илмӣ вайрон шуда, баъзеашон дар қисми ғарбии Германия ҷойгир буданд. Баъд аз торумори фашизми немис барои тараққиёти илм ва маданият дар территорияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ шароити мусоид фароҳам омад. Ҳанӯз соли 1946 дар ин ҷо 8 университет ва дигар мактабҳои олӣ ба кор шурӯъ карда буданд. Академияи фанҳои Германия соли 1946 дар Берлин таъсис ёфт. Солҳои 1949—50 Органи марказии Совети Вазирони Республикаи  Демократии  Германия РДГ доир ба тадқиқот ва техника ташкил карда шуд. Вазорати илм ва техника роҳбарии умумии илмро ба зимма дорад. Соли 1957 ба сифати органи марказии консултативии Совети Вазирони Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ Совети тадқиқоти илмии Республикаи  Демократии  Германия РДГ таъсис ёфт. Муассисаи илмии пешқадами Республикаи  Демократии  Германия РДГ — Академияи Фанҳои Германия дар Берлин.

Матбуот, радио ва телевизион. Республикаи  Демократии  Германия РДГ аз ҷиҳати шумораи матбуоти даврӣ ва тиражи умумиашон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро мегирад. Соли 1970 дар мамлакат 40 газетаи ҳаррӯза ва 30 газетаву журнали ҳарҳафтаина нашр мешуд. Ҳоло 15 газетаи Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ, аз ҷумла газетаҳои ҳаррӯзаи «Нойес Дойчланд* («Иеиез БеиисЫаш!»), аз соли 1946 дар Берлин, «Лейпсигер фолкссайтунг» («Бепцаяег Уо1кз2еМип£») дар Лейпсиг, «Фрайхайт» («РгеШеН»), аз соли 1946 дар Галле ва ғайра нашр мешаванд. Дар мамлакат 513 журнали соҳавӣ мебарояд ва онҳо комёбиҳои илмҳои гуногунро тарғиб менамоянд. Дар фаъолияти матбуот агентии телеграфии ахбороти «Алгемайнер Дойчер нахрихтендинст» (АДН) мавқеи калон дорад. Ба воситаи радиостансияҳои «Радио ДДР I», «Радио ДДР II», «Берлинер рундфунк», «Берлинер велле», «Дойчландзендер» ва «Радио Берлин — интернасионал» 6 барномаи асосӣ ва 10 барномаи маҳаллӣ ба 12 забон (немисӣ, русӣ, англисӣ, франсавӣ, чехӣ, полякӣ, венгерӣ, руминӣ, булғорӣ, арабӣ, италиявӣ, испанӣ) шунавонида ме-шаванд. Студияи марказии телевизионии мамлакат дар Берлин воқеъ гардида, бо ду программа кор мекунад.

Адабиёт. Баъди аз Ҷанги дуюми чаҳонӣ нависандагони антифашист дар сохтмони аввалин дар таърихи Германия давлати коргару деҳқон— Республикаи  Демократии  Германия РДГ фаъолона иштирок намуданд. Нависандагони Республикаи  Демократии  Германия РДГ анъанаи классикии адабиёти немис, реализми танқидӣ ва адабиёти пролетарӣ-револютсионии асри 20-ро давом ва адабиёти миллии реализми сотсиалистиро бомуваффақият инкишоф доданд. Эҷодиёти реализми танқидии Т. Мани, Г. Манн, Л. Фейхтвангер мавқеи калон дорад. А. Свейг (1887—1968), Г. Фаллада (1893—1947), Б. Келлерман (1879—1951) барин намояндагони зиёиёни пешина ба адибони пешқадам ҳамроҳ шуданд. Фаъолияти ташкилотчигию адабии И. Р. Бехер ба ташаккули адабиёти миллии сотсиалистии Республикаи  Демократии  Германия РДГ замина гузошт. Дар инкишофи тамоми маданияти Республикаи  Демократии  Германия РДГ Б. Брехт (1898—1956) ҳиссаи бузург дорад. Фаъолияти адабӣ, театрӣ ва назарии ӯ дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ ба дараҷаи боз ҳам баланд баромад: драмаҳои «Рӯзҳои Коммуна» (1949), «Давраи табошири Кавказ» (1948—49). Мавзӯъҳои асосии адабиёти Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар солҳои аввали давраи баъди ҷанг: фош кардани идеология ва амалияи фашизм, ошкор намудани решаҳои иҷтимоию синфии он, тарбияи ҳисси масъулияти одам дар назди халқи худ ва таърих. Ин проблемаҳо дар насри A.Зегерс, (1900—1983); романи «Мурдаҳо ҷавон мемонанд», 1949, повести «Инсон ва номи ӯ» (1952), Л. Ренн (таваллуд 1889; повести «Трини», 1954), B.Бредел (1901—64; романҳои «Писарҳо», 1949, «Наберагон», 1953), назми Э. Вайнерт (1890—1953), драматургияи Ф. Болф (1888—1953; «Маслиҳати худоҳо», 1949),  назму насри Ф. Фюман (таваллуд 1922), К. Бартел (тахаллусаш—Куба; 1914—67), Э. Штритматтер (таваллуд 1912), Б. Анис (таваллуд 1900) мавқеи калон доранд. Эҷодиёти В. Нёйхауз (таваллуд 1929), Д. Иолл (таваллуд 1927), X. Нахбар (таваллуд 1930), Э. Нойч (таваллуд 1931), Й. Бобровский (1917—65) шаклгирии шуури сотсиалистиро дар бар гирифтаанд. Манзараи васеи тараққиёти ҷамъияти сотсиалистиро дар Республикаи  Демократии  Германияро РДГ романи «Бовари»-и А. Зегорс хеле хуб тасвир кардааст. Солҳои 60 шоирони лирик Г. Кунерт (таваллуд 1929), X. Калау (таваллуд 1931), К. Микел (таваллуд 1935), Ф. Браун (таваллуд 1939), драматургон X. Байерл (таваллуд 1926), П. Хакс (таваллуд 1928), X. Мюллер (таваллуд 1929), носирон К. Волф (таваллуд 1929), Г. Кант (таваллуд 1926) ба майдон омаданд. Адабиётшиносони немис А. Курелла, М. Лоренс асарҳои нависандагони советии тоҷик, аз он ҷумла асарҳои Садриддин Айниро ба забони немисӣ тарҷума кардаанд ва комёбиҳои адабиёти советии тоҷикро дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ тарғиб менамоянд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Моликияти  халқӣ гардидани замин ва ба вуҷуд омадани саноати давлатии сохтмон барои босуръат пеш бурдани корҳои барқароркунӣ ва сохтмон дар мамлакат мусоидат намуданд. Соли 1950 дар бораи барқароркунӣ ва сохтмони шаҳрҳо қонун қабул карда шуд, қоидаҳои асосии шаҳрсозии со- тсиалистӣ муайян гардиданд. Барои сохтмони шаҳрҳои нав (Хойерсверд, Шведт, Галле-Нейштадт, Люттен- Клейн, Яена-Лобеда ва азнавсозии қисмҳои кӯҳнаи шаҳрҳо (майдони Александер-плас ва Ленинплас, қисми дуюми кӯчаи ба номи Карл Маркс-алле дар Берлин, районҳои Дрезден, Карл-Маркс-Штадт, Лейпсиг, Магдебург, Росток) маҳаллаҳои яклухти истиқоматӣ, ансамбли майдонҳо ва биноҳои калони ҷамъиятӣ хос мебошад. Меъморон Г. Хензелман, 3. Зелманагис Р. Паулик, X. Хопп, Ф. Эрлих, X. Граффундер, Й. Нетер, Й. Кайзер, Б. Флирл бо лоиҳаҳои нодирашон дар мамлакат ном баровардаанд. Санъати тасвирӣ дар асоси анъанаҳои санъати проле- тарии револютсионии немис, ки рассомони ҳақиқатнигори насли калонсол саромадонаш буданд, инкишоф меббад. Рассомон X. ва Л. Грундиг, М. Лингнер, О. Нагел, Ҷ. Хартфилд, А. Мор, Ф. Кремер, В. Арнолд, Т. Балден бо асарҳои баландмазмунашон шӯҳрат доранд. Дар эҷодиёти ҳайкалтарошон В. Фёрстер, В. Штётсер, Г. Роммел, Й. Ястрам, В. Фитсентрайтер, Г. Лихтенфелд, Ю. фон Войский, рассомон В. Вомака, В. Нойберт, К. X. Якоб, Г. Брендел, А. Мюнх, Р. Парис, Ф. Глазер, В. Франкенштайн симои меҳнаткашони Республикаи  Демократии  Германия РДГ, зисту зиндагонии онҳо ҳаматарафа инъикос ёфтаанд. Як қатор ҳайкалтарошони советӣ Б. В. Вучетич, Н. В. Томский, Л. Б. Кербел дар территорияи  Республикаи  Демократии  Германия РДГ асарҳои монументалӣ эҷод кардаанд.

Е. В. Вучетич. Ҳайкали ҷанговари озодибахш аз ансамбли ёдгорӣ ба хотираи ҷанговарони Армияи Советӣ, ки дар ҷанги зидди фашизм шаҳид шудаанд. Биринҷӣ. 1946—49. Трептов-парки Берлин.

Мусиқӣ ва балет. Баъди аз ташкил шудани Республикаи  Демократии  Германия РДГ барои инкишофи санъати мусиқии сотсиалистӣ шароити мусоид фароҳам омад. Дар Берлин Операи давлатии немис, дар Лейпсиг, Веймар, Дрезден ва дигар шаҳрҳо театрҳои опера ба кор даромаданд. Оркестрҳо, хорҳо, дастаҳои операи нав ташкил шуданд, ки баъзеи онҳо, масалан, театри «Комише опер»-и  шаҳри Берлин (1947) шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Оммавӣ бу- дани маданияти мусиқӣ, равияҳои демократӣ ва реалистӣ дар асарҳои мусиқӣ, ки аз анъанаҳои пешқадами маданияти немис ғизо мегирад, ҷиҳатҳои ба худ хоси ҳаёти мусиқии муосири Республикаи  Демократии  Германия РДГ мебошад. Санъаткорон X. Эйслер, П. Дессау, Л. Шпис, Э. Г. Майер ва дигар дар кори шаклгирии маданияти мусиқии Республикаи  Демократии  Германия РДГ саҳми калон гузоштаанд. Дар қатори санъаткорони насли калонсол О. Геретер, М. Буттинг, В. Дрегер ва дигар бастакорон И. Чилензек, И. П. Тильман, Г. Кохан, А. Азриел  ва дигар, дирижёрон Г. Абендрот, Ф. Конвичный, скрипканавозон Э. Морбитсер, Г. Шмал, арғунуннавозон В. Шетелих, Г. Кестнер, сарояндагон И. Арнольд, М. Кронен, Э. Флайшер ва дигар, ҳозифон Т. Адам, Р. Асмус, П. Шрайер маданияти мусиқиро баланд бардоштанд. Дар пешрафти санъати балет устодони балет Л. Грубер, Т. Шиллипг, Э. Кёлер-Рих тер, В. Мюллер, X. Хас, солистон Н. Манк ва К. Шулс мақоми калон доранд. Дастаҳои муспқии 40 театри мамлакат санъати опера, оперетта ва балетро инкпшоф медиҳанд. Дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ 88 оркестри давлатӣ, аз ҷумла 30 оркестри симфонӣ мавҷуд аст. Дар Берлин, Лейпсиг, Дрезден ва Венмар 44 мактаби мусиқӣ, 4 мактаби махсуси мусиқӣ, 3 мактаби балет ва 4 омӯзишгоҳи олии мусиқӣ амал мекунанд.

Театр. Ҳанӯз дар солҳои аввали баъди торумор кардани фашизм (1945—49) барои пайдоиш ва инкишофи маданияти театрии Республикаи  Демократии  Германия РДГ шароит фароҳам омада буд. Ба кор даромадани Театри немис (1945) ва дар саҳнаи он ба сифати асоси принсипҳои гуманизм ва реализм дар саиъати театрӣ намоиш додани песаи Натани Оқил»-и Г. Э. Лессинг плани пешакӣ буд. Баъд аз ташкилшавии Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар назди санъати театрӣ вазифа гузошта шуда буд, ки он тарбияи сиёсӣ ва ахлоқии одами бунёдкори сотсиализмро мақсади аввалини худ қарор диҳад. Ҳамаи театрҳо давлатӣ гардиданд. Бинои театрҳои Берлин аз нав барқарор карда ва сохта шуданд, коллективҳои нави театрӣ ташкил ёфтанд. Эҷодиёти драматург ва режиссёр Б. Брехт дар инкишофи санъати театрии Республикаи  Демократии  Германия РДГ мавқеи калон дорад. Ӯ соли 1949 бо Е. Вейгел театри «Берлинер ансамбл»-ро ташкил намуд. Қариб ҳамаи песаҳои Брехт («Модар Ку- раж ва фарзандони ӯ», 1949, «Ҳаёти Галилей», 1957, «Шӯҳрати Артуро Уи», 1959, «Рӯзҳои Коммуна», 1962 ва ғайра), инчунин асарҳои классикони адабиёти немис ва ҷаҳонӣ дар ин театр ба саҳна гузошта шуданд. Ф. Волф, Э. Энгел, Э. Гум, инчунин В. Лангхофф, Ф. Вистен ва И. Р. Бехер низ дар инкишофи санъати театрии мамлакат ҳисса гузоштаанд. Спектаклҳои солҳои 60—70: «Фарзандони ӯ» (1963), «Ба ҳимояи ҷӯяндагон»-и (1966) Ф. Курднале, «Ба назди Ленин»-и X. Байерль (1970, аз рӯи новеллаи А. Курелла) беҳтарин асарҳои саҳнавӣ буданд. Театрҳо ба асарҳои классикии драматургияи ҷаҳон ва рус мароқ зоҳир намуданд. Асарҳои Максим Горкий дар ҳаёти театрии мамлакат мавқеи калон доштанд. Песаҳои адибони советӣ К. А. Тренёв, Вс. Иванов, А. И. Арбузов, Штейн ва дигар, ба саҳна гузошта шуданд. Режиссёрон Г. Вангенхейм, Хайнц, К. Кайзер, М. Валлентин ва дигар, актёрон Э. Гешоннек, Э. Шалль, И. Келлер, Э. Эше дар инки- шофи санъати театрӣ ҳиссаи арзанда доранд. Дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ омӯзишгоҳҳои давлатии драмаи Берлин ва Росток, театрҳои таълимшо студиявии назди мактаби олии театри Лейпсиг ва назди Университети Берлин ба номи Гумболдт ва ғайра амал мекунанд. Соли 1966 Иттифоқи кормандони театрҳои Республикаи  Демократии  Германия РДГ ташкил гардид.

Кино. Ҷинояткориҳои империализм ва фашизми немис, рӯҳияи ниқорталабӣ дар Германияи Ғарбӣ, анъанаҳои гуманистӣ ва револютсионии халқи немис, дигаргӯнсозиҳои демократӣ дар мамлакат мавзӯъҳои асосии санъати кинои солҳои 1950 ва 1960 буданд. Дар ин давра режиссёр К. Волф филмҳои «Лисси» (1957), «Ситораҳо (1959), «Профессор Мамлок» (1961), «Ман 19-сола будам» (1967)-ро офарид, «То рӯзҳои вопасин фирефташудагон» (1957, режиссёр К. Юнг-Алсен), «Бесилоҳ дар байни гургон» (1963, режиссёр Ф. Бейер), «Саргузаштҳои аҷоиби Вернер Хольт» (1965, режиссёр И. Кунерт), «Маслиҳати худоҳо* (1950,режиссёр К. Метсиг), «Мағлубнаша- вандагон» (1953, режиссёр А. Пол) ва ғайра беҳтарин филмҳои ин давра мебошанд. Аксари филмҳои солҳои 60—70 ҳаёти муосири халқи немис, ташаккули ҷаҳонбинии сотсиалистии одамонро, инъикос мекунад. «Осмони дукафон» (1964, режиссёр К. Волф), «Айёми зиндагӣ» (1969, режиссёр X. Земан); филмҳои муштарак бо дигар давлатҳо, аз ҷумла бо Союз Советских Социалистических Республик СССР; «Одамон ва даррандагон» (1964, режиссёр С. А. Герасимов), «Ба назди Ленин» (1970, режиссёр Г. Райш) филмҳои беҳтарин дониста шуданд. Филмҳои режиссёрон А. ва А. Торндайк дар байни филмҳои ҳуҷҷатӣ мавқеи асосӣ доранд. Актёрони маъруфи кино: Э. Гешоннек, Г. Зимон, У. Тайн, В. Кох-Хоге, М. Круг, А. Домрёзе, А. Бюргер ва дигар Мактаби олии кино ва телевизиони Республикаи  Демократии  Германия РДГ (Потсдам-Бабелсберг) ходимони киноро тайёр мекунад. Ҳар сол 16—17 филми бадеӣ истеҳсол мешавад. Дар мамлакат қариб 860 кинотеатр кор мекунад (1971).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …