Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ БУРЖУАЗИИ АСРИ 17 ДАР АНГЛИЯ

РЕВОЛЮТСИЯИ БУРЖУАЗИИ АСРИ 17 ДАР АНГЛИЯ

rb-17-england

РЕВОЛЮТСИЯИ  БУРЖУАЗИИ  АСРИ 17  ДАР АНГЛИЯ, револютсияи ғалабаовари буржуазӣ, ки боиси пойдор шудани капитализм ва сохти буржуазӣ дар Англия гардид; яке аз аввалин револютсияҳои буржуазӣ. Нахустин револютсияе буд, ки ба заволи сохти феодалӣ дар Европа, гузариш аз феодализм ба капитализм ибтидо гузошт. Револютсия натиҷаи тараққии ибтидоии капитализм дар Англия буда, ба муқобили сохти феодалӣ ва ҳукмронии мутлақият нигаронида шуд, ки онҳо дар аҳди сулолаи Огюартҳо ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳои буржуазӣ монеъ мешуданд. Буржуазияи англис ҳамчун синфи мухолифи мутлақият аз ҷиҳати маънавӣ ва сиёсӣ дар ҷараёни пуританизм ташаккул ёфт. Низои байни шоҳ ва буржуазия баъди аз тарафи Карли I даъват кардани парламенти дарозмуддат (1640) хеле шиддат гирифт. Солҳои 1642—46 байни тарафдорони парламент ва роялистон ҷанги якуми гражданӣ ба амал омад. Ҳайати армияи парламентие, ки О. Кромвел ташкил кард, бештар аз деҳқонон ва буржуазияи майда иборат буд ва соли 1645 дар назди Нейзби ба қӯшунҳои шоҳ зарбаи қатъӣ расонд. Ҷанги дуюми гражданӣ соли 1648 дар назди Престон бо ғалабаи армияи револютсионӣ анҷом ёфт. 30 январи 1649 зери фишори оммаи рево-лютсионӣ Карли I ба қатл расонда шуд. Мутлақият ва палатаи лордҳо барҳам хӯрда, республика эълон гардид ва «дар он индепендентҳо (партияи сиёсии буржуазияи миёна ва дворянҳо) мавқеи ҳукмронро ишғол намуданд. Соли 1653 протекторати Кромвел — диктатураи ҳарбии дворянҳои нав ва буржуазия пойдор гашт. Баъди вафот кардани Кромвел (1658) дар вазъияти қувват гирифтани реаксия монархияи конститутсионӣ барқарор гашта, ғалабаҳои асосии революсия эътироф карда шуд. Карли II Стюарт шоҳ эълон гардид. Сиёсати реаксионии Стюартҳо боиси норозогии вигҳо (партияи буржуазияи калони тиҷоратӣ) шуд. Табаддулоти давлатии солҳои 1688— 89, ки вигҳо гузарониданд, чунон, ки Карл Маркс қайд карда буд, тамаъкорон, заминдорон, калкталистонро ба сари ҳокимият овард. Стюартҳо аз тахт маҳрум шуданд. Вилгелми III Оранский ба сари ҳокимият омад. Қонун дар бораи ҳуқуқҳо, ки соли1689 қабул гардид, ҳокимияти шоҳро мувофиқи конститутсия маҳдуд кард. Қувваҳои асосии ҳаракатдиҳандаи Револютсия деҳқонон, камбағалони шаҳр ва буржуазияи майда буданд, вале аз самараи ғалабаи револютсия буржуазия ва дворянҳои буржуашуда истифода бурданд.

 

Адабиёт: Маркс Карл и Энгельс Фридрих, [Рецензия) Гязо «Почему удалась английская революция? Рассуждения об истории англяйской революции», Сочинение, 2 издание., том 7; Английская буржуазная революция XVII века, том 1—2, Москва, 1-954; Барг М. А., Английская буржуазная революция, Москва, 1958.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …