Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАЗИН Степан Тимофеевич

РАЗИН Степан Тимофеевич

razin-s-t

РАЗИН Степан Тимофеевич (тақрибан 1630, станитсаи Зимовейскаяи Дон — 16. 6. 1671, Москва), роҳбари Ҷанги деҳқонон (1670— 1671) бар зидди зулми феодалӣ. Аз оилаи казаки камбағал. Соли 1663 ва баъдтар ба муборизаи отрядҳои казакон бар зид­ди қалмоқҳо ва тоторҳои Қриму туркҳо роҳбарӣ кард. Соли 1670 ба ҷанги зиддифеодалии деҳқонон сарварӣ намуд. Дар рафти ин ҷанг қобилияти барҷастаи ташкилотчигӣ ва истеъдоди баланди лашкаркашии Разин зоҳир гардид. Дар задухӯрди шадид бо қӯшунҳои подшоҳӣ лашкари Разин ба мағлубият ду­чор шуд. Разин ба Дон ақиб нишаст, ва­ле апрели 1671 дар Кагалник казакҳои давлатмапд ӯро дастгир карда, ба ҳукуматдорони подшоҳӣ супурданд. Дар Москва ба қатл расонда шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …