Маълумоти охирин

РАЙҲОН

РАЙҲОН, реҳон, испарғам, исферам, н и ё з б ӯ й, н о з б ӯ, шоҳисфарғам, шодиспарғам, ҷомиспарам (Ocinum basilicum), гиёди яксолаи хушбӯест аз оилаи лабгулҳо.

rayhon

Пояаш чорқирраи сершоха, 20—80 см қад мекашад. Баргаш думчадори байзашакл, хӯшагулаш аз шукуфаҳои майдаи гулобӣ, баъзан сафед ё бунафш таркиб ёфта, дар нӯги шохчаҳо ҷойгир шу­дааст. Тухмаш аз 4 «чормағзак»-и сиёҳтоб (дарозиаш 6—8 мм) иборат буда, онҳо баъди пухтан аз зам ҷу­до мешаванд (вазни 1000 донааш 0,5 —0,8 г).

Райҳонро аз асрҳои миёна ин ҷониб дар бисёр кишварҳои Европа киштукор мекунанд. Дар СССР Райҳонро асосан дар Осиёи Миёна, Кавказ ва Қисми европоӣ мекоранд. Райҳон навъҳои бисёр дорад. Аз навъҳои Райҳон бӯи анисун, гули мехак, баласон ва мушк меояд. Онҳо махсусан то гулшукуфт хеле хушбӯй мешаванд. Дар СССР навъҳои «Ереванӣ» (баргаш калони бунафш), «Минимум», «Великан» ва дигарҳоро бештар мекоранд. Тоҷикон навъҳо гуногуни Райҳон (наъноӣ, санавбарӣ, баътарӣ, сулаймонӣ, тархунӣ, фаранҷамушк, шодиспарам ва ғайра)-ро чун гиёҳи ороиш, хушбӯй, сабзавот ва доруи аз қадимулайём кишт мекарданд.

Ҳоло махсусан навъзои садарайҳон — var. vulgare (резабарги сабз ва сершоха), сиёҳрайҳон — var. purpurascens (калонбарги бунафши сиёҳтоб), гаврайзон (дарозпояи калонбарг), гӯшмуш (баргаш ба гӯши мута монанд) маъмуланд. Баргу пояи тару тоза ва хушки Райҳонро ба таомҳои милли меандозанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …