Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАВОНШИНОСӢ

РАВОНШИНОСӢ

РАВОНШИНОСӢ  илмун-нафс, илм дар бораи қонунияту қобилиятҳои рӯҳии инсон. Дар асрҳои миёна қисми таркибии илми фалсафа — илоҳиёт ва табииёт ҳисиб мешуд. Дар илми муосир, махсусан дар Эрону Афғонистон ва қисми форсизабони Ҳиндустону Покистон бо номи «равоншиносии ҷадид» маъмул аст. Дар таърихи афкори илмии асрҳои миёнаи Шарқ дар фаъолияти Ибни Сино ва намояндагони мактаби ӯ такомул ва инкишоф ёфтааст. Ибни Сино дар осори фалсафии худ «Ишорот ва танбеҳот») «Донишнома» ва «Равоншиносӣ»-и «Китоб- уш-шифо» дар таҳқиқи ҳолатҳои нафсонӣ ва муносибати инсон ба он кашфиетҳои муҳиме карда, қобилияти ақлӣ ва ҳиссиро таҳлил намудааст ва муносибати психофизикии инсонро дар ҷараёни маърифат нишон додааст. ravonshinosi-psix Ӯ ҳамчунин имкониятҳои маърифатии қобилияти ҳиссӣ (босира, сомеа, шомма, ломиса, зоиқа) ва ақлӣ (воҳима, мухайила, зокира, мударрика, ҳисси муштарак ва ғайра)-ро исбот карда, дар ҳамин замина аҳамияти тафаккури назариро дар таҳлили маълумотҳои ҳиссӣ ва ақлӣ нишои додааст. Таълимоти ӯ дар бораи ягонагии донишҳои ҳиссӣ ва ақлӣ ба талаботи имрӯзаи на­зарияи маърифати илмӣ ҷавоб дода натавонад ҳам, исботи алоқаи донишҳои ҳиссӣ ва ақлӣ, робитаи мутақобилаи онҳо дар ҷараёни маърифат аз комёбиҳои фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ аст. Ниг. низ Психоло­гия.            Н. Раҳматуллоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …