Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАВҒАНИ ЗАЙТУН

РАВҒАНИ ЗАЙТУН

РАВҒ АНИ ЗАЙТУН , р а в ғ а н и зайт, з а й т, навъе аз равғани растанист, ки аз мағзи зайтун мекашанд; ба Равғани зайт миқдори зиёди глитсридҳои кислотаҳои олеинӣ (қариб 80%) ва миқдори ками глитсеридҳои кислотаҳои линолат (қариб 7%) ва глидеридҳои кислотлҳои сер (қариб 10%) хос аст. Таркиби кислотаҳои Равғани зайтун вобаста ба шароити обу ҳаво хеле тағйир ёфта меистад. Адади йодаш 75—88, ҳарорати яхбандиаш аз —2 то —6°С. Равғани зағир дар саноати консерв, хӯрокворӣ барои тайёр карда­на хӯриш ва ғайра истифода мешавад. Вай ҷузъи таркибии василаҳои пардозӣ мебошад; дар тиб барои тайёр кардани маҳлулҳои витамин ва доруҳо ба кор меравад. Нит. низ Равған. r-zaytun

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …