Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РABҒАНИ ПАХТА

РABҒАНИ ПАХТА

Р AB Ғ АНИ ПАХТА , р а в т а н и пупбадона, навъе аз равғани растанист, ки аз пунбадона (чигит) мекашанд. Ҷузъи таркибии махсусн Равғани ПАХТА пигменти госсипол (моддаи заҳрнок) буда, ранг ва сифати рав­ған ба он вобаста аст. Равғани пахтаи н о п о к сурхи сиёҳтоб, баъзан қариб сиёҳ буда, бӯи махсус ва таъми талх дорад; ранги Равғани пахтаи пок зард тоб мешавад. ravghan Таркиби химиявӣ ва хосияти Равғани ПАХТА ба навъи ПАХТА, инчунин ба ма­ҳал ва шароити парвариши он во­баста аст. Равғани ПАХТА барои истеҳсоли олифҳо, равғани поки хӯрокворӣ, барои тайёр кар­дани консерв, маргарин, ва ғайра истифода мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …