РАУФОВ Борис (таваллудаш 10. 1. 1928, деҳаи Унҷии Хуҷанд), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1950.
Солҳои 1941—1948 колхозчӣ, 1948—1950 ва 1964—1967 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1953—1964 ронандаи колхози ба номи А. А. Жданови pайони Қумсангир,1950—1953 дар сафи Армияи Советӣ ва аз 1968 обмони колхози ба номи С. Урунхӯҷаеви райони Хуҷанд. Бригадаи Рауфов соли 1948 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.