Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСУЛОВА Муҳаррам Расуловна

РАСУЛОВА Муҳаррам Расуловна

РАСУЛОВА Муҳаррам Расуловна (таваллудаш 17. 6. 1926, Хуҷанд, ҳозира шаҳрт Ленинобод), ботаники советӣ, аъзо- корр. АФ РСС Тоҷикистон (1981). Аъзои КПСС аз соли 1951. Аз оилаи коргар.

Солҳои 1941—1943 лаборанти заводи пахтатозакунии шаҳри Ленинобод. Солҳои 1943—1945 донишҷӯ, 1945—1947 лаборанти Институти муалли­мии занона ва дар як вақт донишҷӯи шӯъбаи шабонаи факултети табиатшиносии Институти педагогии ба номи С. М. Кирови шаҳри Ленинобод. Солҳои 1947—1951 ассистент ва муаллими калони кафедраи географияи Институти муаллимии занона ва дар як вақт (1950—1951) директори омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод буд. Солҳои 1951—1958 аввал аспирант, баъд хо­дими илмӣ, солҳои 1958—1976 мудири шӯъбаи флора ва систематикаи растаниҳои гулдори Институти ботаникаи АФ РСС Тоҷикистон; солҳои 1961—1966 ҷони­шини директор оид ба корҳои ил­мӣ; аз соли 1977 директори химии институт. Асарҳо ва мақолаҳои илмии Расулова асо­сан ба омӯзиши флора, систематика ва географияи растаниҳои Тоҷикистон оиданд. Ӯ ба 30 намуди нави лӯбиёиҳо тафсири ботаникӣ додааст.

Расулова раиси шӯъбаи тоҷикистонии Ҷамъияти умумииттифоқии ботаникҳо мебошад. Ӯ бо медалҳо ва Грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: Определитель однолетних бобо­вых Таджикистана, Д., 1967; Ключ для определения родов семейства Legumino- sae: роды Люцерна, Пажитник, Клевер, Нут, Вика, Чина, Фасоль, Донник и др., дар кит.: Флора Таджикской ССР, ч. V, Л., 1978; Род Астрагал, дар кит.: Флора Таджикской ССР, ч. VI, Л., 1981.

У. Қ. Маматқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …