РАМСЕС, номи фиръавнҳои Мисри Қадим. Машҳуртаринашон: Рамсес II (номи аврангиаш Усер-маат-Расотепен-Ра), фиръавни (охири асри 14— миёнаи асри 13 то мелод) сулолаи XIX. Дар аҳди ӯ Миср хеле пурқувват гардид, бо хетҳо дуру дароз ҷангида, Фаластин ва Сурияи Ҷанубиро ба Миср ҳамроҳ кард. Қароргоҳашро аз Фива ба шимолу шарқи Делта кӯчонид, ки дар он ҷо шаҳри «Пер-Рамсес» («Хонаи Рамсес», дертар Танис) бунёд ёфта буд. Бинокориро ривоҷ дода, дар Абидос, Фива маъбадҳо, ибодатгоҳи мағораи Абӯсимбал ва ғайраро бунёд кард. Ҷангҳои тӯлонӣ ва хароҷоти зиёд барои қасрҳо меҳнаткашонро қашшоқ кард. Вале ашрофу коҳинон бой мешуданд.
Рамсес IV (III) (номи аврангиаш Усермаат-Рамери-Амон), фиръавни (oxири aсри 13— солҳои 70 aсри 12 то мелод) сулолаи XX; баъзе олимон онро Рамсес III номидаанд. Рамсес IV ҳуҷуми «халқҳои баҳр»- ро ба Мисри Поён зада баргардонд. Дар аҳди ӯ таназзули мамлакат, ки аз миёнаи асри 13 cap шуда буд, давом кард. Ба кироягону коҳинон такя менамуд. Дахмаи Мадинат- Абу (назди Фива)-ро сохт. Замони ҳукмронии Рамсес IV пур аз ошӯбҳои халқӣ буд. Дар натиҷаи суиқасди дарбориёи кушта шуд. Ворисони Рамсес IV (III) (ҳамаи онҳо худро Рамсес меномиданд; охиринаш—Рамсес XII (XI), ҳукмрониаш 1112—1070)-ро дар адабиёт одатан Рамсесиҳо меноманд.